Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чӣ хел фаромўш кунам? Ҳамон вақт маро бовар кунондӣ, ки агар Солеҳ Ҷалилро қабул накунам, қарздорон хонаамонро оташ мезананд.
– Ҳамааш ҳамин хел буд, Сабоҷон.
– Модоме ки чунин аст, бигузор давлат ҷазои чунин нафаронро диҳад. Ман умуман фаҳмидан мехоҳам, ки ба ивази кадом бор падарам аз мардум даҳ ҳазор доллар қарздор шудааст.
– Сабоҷон, беҳтар мешуд, ки дар ин бора фаромўш мекардӣ. Ин на танҳо ба манфиати худат, балки ба манфиати аҳли хонадон мешуд.
– Ба фикрам, дигар хомўш истодан ба мо даст нахоҳад дод.
– Чӣ хел, ту чиҳо гуфта истодаӣ, Сабоҳат?
– Ҳоло милиса дар ҷустуҷўи қотилони Солеҳ аст. Мўйсафеди падараш маро огоҳ кард, ки аздусар дар бораи ташрифи ман ба наздаш ба милиса хабар хоҳад дод.
– Ту ба мўйсафед суроғаамонро ҳам гуфтӣ.
– Албатта. Ў аввал маро дар ҳамин бора пурсид. Гуфт, ки аз куҷояму падару модарамро чи ному насабест. Ман бошам чизеро аз ў пинҳон накардам.
– Чӣ мўйсафед дар марги писараш аз мо домангир аст?
– Не, дар ин бора ў ягон сухан нагуфт, вале маълум аст, ки ў ҷўёи қотили писар аст. То андозае ман ҳам ба фикри мўйсафед розиям. Охир касе қасди ҷони Солеҳ кардааст, ки аз марги ў манфиатдор будааст.
– Худат гуфтӣ, ки мўйсафед туро гўш кардан нахост.
– Ҳамааш ҳамин хел буд. Ў сараввал кӣ ва аз куҷо будани маро пурсон шуд ва ман низ дар ин бора аз ў чизеро пинҳон надоштам. Гумон кардам, ки Солеҳ дар бораи ману тифли хеш ба падараш суҳбат кардааст ва чун ба сари мақсад омадам, мўйсафед ҷомаи хеш чаппа пӯшид ва чӣ ман ва умуман духтарҳои ин замонаро ба беҳаёгӣ гунаҳкор кард ва ман чӣ гуфтанамро дигар надонистам. Чӣ хеле мегўянд, бо орзую умед сирри хеш ифшо кардам, вале маълум шуд, ки хато намудам. Тарбуз аз бағалам афтод…
– Мўйсафед нею бало, ё ягон вақт дар милиса кор мекардааст?

пешина
аз 513
навбатӣ