Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Аз ин никоҳ ба ман суде нест.
– Ба шариати Ислом шак набиёр, бачам.
– Чӣ хел шак набиёрам? Агар ман никоҳи қонунӣ медоштам, магар имрўз падари Солеҳ ба ман аз шарму ҳаё ёдрас мешуд?
– Чӣ хел аз шарму ҳаё?
– Мўйсафед гуфт, ки “Ин чӣ шӯрест, ки дар д Қамар мебинам. Наход ки духтари шонздаҳсола бо марди чилсолаи зану фарзандор издивоҷ намояд.”
– Ба ў нафаҳмондӣ, ки ту бо хоҳиши худат не, бо амри падару модар ба Солеҳ издивоҷ намудӣ.
–Не, ман дар ин бора ба ў ягон гап гуфта натавонистам, дар назди мўйсафед забонам лол гашт.
– Сад афсўс ки мо аз ҷанозаи Солеҳ хабардор нашудем.
– Хабардор мешудед чӣ кор мекардед?
– Ба ҷаноза мерафтем ва ту дар он ҷо аз пояи тобути шавҳарат медоштӣ.
– Аз пояи тобут доштан магар суде дорад?
– Ҳамагон мефаҳмиданд, ки ту зани маҳрум ҳастӣ ва дар батнат аз ў тифл дорӣ.
– Не, ман ҳаргиз ин корро намекардам. Як бор шуморо гўш кардаму ба бало мондам. Чӣ, боз мехостед, ки худро таънасори мардум намоям?
– Ин хел нагӯ, бачам. Аз он ки мо туро ба Солеҳ додем, назди Худованд гуноҳе надорем, чунки тамоми рукнҳои исломро дар никоҳ риоя намудем. Дуюм, бибию бибикалонҳои мо аз нуҳ - даҳсолагӣ ба шавҳар мебаромаданд. Шарму ҳаёро бошад, онҳое пеши по мезананд, ки аз шариати ислом пой берун мениҳанд.
– Пас гунаҳкор манам?
– Не, бачам. Агар аз гапи мо сар мепечидӣ, ҳоло сабзаи гӯри падарат баробари ҳамин қади мавзуни худат гашта буд.
– Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки он даҳ ҳазор доллари қарзгирифтаро шумо дар куҷо сарф кардаед? Ба ҳамаи он қарзу қарздории шумо на шиками серро дидему на танамон пӯшида гашт.
– Ҳар чӣ камтар донӣ, бештар хобат мебарад. Ин гапҳоро фаромўш намо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё