Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Самандар низ сари рамаро пас гардонида, ба истиқболи сарчўпон қадам гузошт.
– Самандар, - овоз баровард сарчўпон аз масофаи сад метр дуртар.
– Лаббай.
– Ман бояд як поёнро дида баргардам, агар майлат бошад, ана Рахш дар ихтиёрат.
– Не, беҳтараш бо асп равед.
– Агар дер мондам, хавотир нашав. Хўрок дар болои оташдон, худат тановул кун.
– Магар рафтанатон шарт аст?
– Албатта, бубин лошахўронро, рафту…
– Майлатон, ман аллакай сари рамаро баргардонидам, шояд тезтар биёед, ҳарду якҷоя тановул намоем.
– Кўшиш мекунам, вале беҳтараш маро интизор нашав, кори хона ба бозор рост намеояд.
– Хуб шудааст, аз рама беташвиш бошед.
Шодии Лоиқ лаҷомро боз ба тарафи шарқ тоб дода, бо тозиёна ба сағрии Рахш зад. Асп дар як мижа задан саворро аз пеши Самандар ба самти муқобил бурд.
Барои аспе чун Рахш тозиёна зарур ҳам нест, вале сарчўпон ҳамеша Рахшро бо чунин мукофот ба роҳ медаровард. Рўзҳои аввал Самандар нисбат ба ин рафтори сарчўпон дигар хел ақида дошт, вале Шодии Лоиқ аз каломи гузаштагон, ки онро дар куҷое хонда ва ё аз касе шунида буд, баҳри ҳимояи хеш посух меовард: «Беҳтарин асп муҳтоҷи тозиёна, зебою шикастнопазиртарин зан муҳтоҷи шавҳар ва донотарин мард муҳтоҷи маслиҳати марди дигар аст».
Каргасҳо то кунун дар ҳамон нуқтаи на чандон калон пар мезаданд. Онҳо баъзан сарозер рақскунон болҳои азимҷусаашонро фишурда ба поён мерафтанд ва боз бо талошҳои зиёде болупарзанон чун чархи осиёб гирд гашта, ба ҳамон майдончаи рақс ҳозир мешуданд
Ваколатдори кофтукови ҷиноятии ШКД-и ноҳияи Саричашма капитани милитса Сорбони Ҳомид, ки тайи як ҳафтаи охир бо супориши сардори раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД – и ҷумҳурӣ барои расонидани ёрии амалӣ дар кушодани парвандаҳои ҷиноӣ дар ШКД – и ноҳияи Гулобод қарор дошт, рўзи охирини сафари хизматиашро адо мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё