Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Дар давоми як моҳи дар хона будан се аспи деҳаашон гум шуд ва ҳар дафъа милитсаҳо омада, ўро чун гови ало ба ШКД мебурданд ва ба қавле гуноҳашро дайн кардан мехостанд.
Мисли оне ки лойи хушк ба девор намечаспад, гуноҳи ў низ дайн нашуд, вале милисаҳо ба ҷону ҳол “ҳамкорӣ” даъват намуданд. Шояд онҳо гумон доранд, ки шахси судшуда виҷдону имон надорад. Маҳз ҳамин ҳолат дили реши ўро пора сохт ва аз хабаркашӣ дида, заминро ба худ бистару сангро чун болишт интихоб кард.
Ситораҳо торафт ҷилои аввалаи хешро гум намуда мавқеи худ ба рўшноӣ медоданд.
Субҳ медамид. Ҳанўз ситораҳо пурра осмонро тарк накарда буданд, ки рама хест. Чун одати ҳаррўза ў аз қафои рама рафт. Шодии Лоиқ ба ҷуз сарчўпон будан вазифаи ошпазро ба уҳда дошт, аз ин рў ў ҳанўз дар хайма хоб буд, вале баробари омадани рама аз чаро баҳри чўпон хӯрок тайёр буд. Дар ин бора нисбат ба сарчўпон даъво кардан ғайриимкон буд. Ин дафъа рама ба тарафи ғарб, ба самти нурҳои аввалини хуршед ҳаракат кард...
Самандар болои ёла баромада, бо такяи асо боз ба замин нишаст. Дар ҳамин лаҳза аз тарафи шимол зоғу зағани зиёде аз болои сараш гузашта рафтанд. Парвози парандагон ин худ муждае буд аз фарорасии субҳи содиқ, ки ба мақоми курсии зулмат ноил гашта. Чун ҳар фарди мусулмон ў шукри Оллоҳ таоло гуфт, ки сиҳату саломат ба субҳи нав, ба рўзи нав расидааст. Чун офтоб қади як найза баланд шуд, ӯ гармиро дар баданаш ҳис карда ғанабаш бурд.
Вақте ки чашм кушод, каргасҳоро дар фазои поёни дара дид, ки дар як нуқтаи хурд рақс доранд. Садои тири шабонаро ба ёд оварда, дилаш таҳ кашид. Аслан ин лошахўрони сарсафедро ў чашми дидан надошт ва пайдошавии онҳо ин фоли нек набуд…
Ў аз ҷой бархеста болотар рафт. Дар пеши хайма Шодии Лоиқ аспро зин мекард. Лаҳзае пас сарчўпон пой дар рикоб монда, ҷилаби аспро ба тарафи ў гардонд. Агар сарчўпон кори зарур надошта бошад, ҳаргиз ба тарафи ў намеомад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё