Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тахминан, баъди даҳ – дувоздаҳ дақиқа садои гўшхароши Хуршеди ҳамяроқаш баланд шуд, ў тозон ба сӯяш давид. Чун Хуршедро дар хун оғӯшта дид, аз Калашников чанд тир ба он тарафи соҳил, ба ҳамон самти шуъла андохт. Бонги хатар пардаи зулмот дарид ва сарҳадбонон ба ёрӣ шитофтанд. Ў дар талоши ҷони Хуршед буд, баробари расида омадани аскарон яроқашро ба дасти кадоме аз онҳо дод ва Хуршедро ба пушташ бардошта, то роҳи калон, ки дусад метр болотар буд, баромад. Сипас, ҳамроҳи Хуршед ба госпитал рафт ва қарибиҳои субҳ ба қисми низомӣ баргашт. Ҳангоми санҷиш маълум шуд, ки яроқи аскари қаторӣ Раҳимов Самандар нест, аз Хуршед Мирови ярадор ҳаст. Хайрият, экспертизаи тиббӣ муайян кард, ки Миров аз ТОЗ–8 ярадор шудааст, вагарна Самандарро ба ҷурми одамкушӣ ҳам айбдор мекарданд. Касе аз он ҳашт нафар аскарону командирашон прапоршик Ятими Тош нагуфт, ки аскари қаторӣ Раҳимов дар он лаҳза яроқашро ба ман дод ва ё ба вай. Барои дар бунгоҳ гум кардани яроқ ўро ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум карданд.
Ба ивази харидани ҷони ҳамяроқаш Хуршед Миров, ки аз пушт тир хўрда буд, ў се соли расо аз занг то занг дар маҳбас нишаст ва касе ҳам ба бегуноҳияш то кунун бовар надорад.
Аламовараш он буд, ки ўро суд карданд, вале шахсеро, ки қасди ҷони Миров намуда буд, наҷустанд. Ҳарчанд Хуршед худаш гуфт, ки ҳангоми зарба ў рў ба соҳил буд. Не, инро ҳам ба гардани сарҳадшиканон заданд. Вақте ки шуъла аз ҳамон тараф будааст, пас аз соҳили чап тир заданд…
Баъди як ҳафтаи аз маҳбас озодшавиаш Хуршед Миров аз шаҳри Қайроққум ба аёдаташ омад ва худро назди пойи рафиқаш партофта гуфт, ки аз рўйи ман шуда шумо суд шудед.
– Ҳамааш аз тақдир будааст.
– Иншооллоҳ, шахсе, ки яроқи туро дуздид, рўзе ба ҷазои Офаридгор меафтад, – гуфт Хуршед. Хуршед як ҳафта ҳамроҳаш истод ва ҳангоми рафтан такрор кард, ки ўро аз тарафи роҳ аз пушт паронданд…
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Самандар ҳаргиз нияти заминро бистару сангро болишт интихоб кардан надошт, вале ҳодисаҳои як моҳи охири деҳашон ўро ба чунин қадаммонӣ ҳидоят намуданд…

пешина
аз 513
навбатӣ