Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў ҷойи исти хешро палмосид ва ниҳоят болои замин дароз кашид. Шамоли серуни моҳи август сару рўяшро сила зада, саҳфаҳои дафтари хотироташ варақгардон намуд…
Шаш сол пеш ў мактаби миёнаро хатм кард. Чун Ватан дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ буд, ба шаҳр рафта натавонист.
Маҳали онҳо дар он шабу рўз дар дасти артиши ҳукуматӣ буд ва тирамоҳи ҳамон сол ў ихтиёран ба хизмати Модар – Ватан рафт. Давлат ба ў ҳимояи марзҳои хешро бовар кард. Аслан дар қисми дигари марз ҳам ҳамзабонони ў буданд ва ҳодисаҳои вайрон кардани сарҳад кам набуд. Воситаҳои техникӣ намерасид ва ин ҳама ба нафъи вайронкунандагони марз буд. Хизмат дар он шабу рўз ниҳоят душвор буд. Ба ҳамаи заҳмату кўшишҳои марзбонон нигоҳ накарда, бархе аз ҳамватанонаш ёди дидори кишвари ҳамсоя мекарданд ва мардуми кишвари ҳамсояро ҳам ба ватани хеш даъват мекарданд. Маҳз ҳамин ҳамзабонию ҳамдилии бархе аз ҳамватанон буд, ки хоки поки диёр пойгоҳи бегонагон гашт ва додугирифт дар ду тарафи соҳил сар шуд. Дигар саг соҳибашро намеёфт. Марзбонон шабу рўз дар хизмат буданд, рўзҳое мешуд, ки се - чор меҳмони сарҳадшиканро дар деҳаҳои гирду атроф дастгир мекарданд. Аммо марзшиканон қариб, ки бе ҷазо мемонданд ва маҳз ҳамин ҳолат доираи фаъолияти онҳо ва ҳаммаслакони таҳҷоиашонро васеъ мекард. Воситаи ягонаи қочоқчигӣ ин маводи мухаддир ва силоҳ буд, ки аз соҳили чап ба соҳили рост мегузашт ва сипас боз роҳҳои зиёди пурпечутобу касногузарро тай карда, то ба дасти харидор мерасид. Ба ҷуз сарҳадбонон Калашников қариб, ки бозичаи дасти ҳар кӯру кар шуда буд ва он бозичаҳои зебо низ бо роҳи пинҳонӣ аз қисми чап ба соҳили рост ҳиҷрат карда буданд. Мардуми таҳҷоӣ барои чунин як бозича нисфи боигарии хеш медоданд. Амалиётҳои якҷояи сарҳадбонону ҳаммаслаконашон бе натиҷа меанҷомид, чунки сафҳои худи ҳимоячиёни давлат тоза набуд ва сарҳадшиканон дар байни марзбонону ҳомиёни дигари қонун чашму гўши худро доштанд…
Самандар боре шабона ҳангоми дар бунгоҳ будан аз соҳили чап шуълаеро чун чароғи роҳнамо (маяк) дар уқёнус мушоҳида кард ва ҳамхизматашро ҳушдор сохт, ки чашм аз соҳил наканад ва худ мавқеашро баҳри назорат тағйир дода, бо як ҷаҳиш худро паҳлуи харсанги дигар гирифт.

пешина
аз 513
навбатӣ