Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар давоми як ҳафта ў дар кушодани ду ҷиноят, ки дар назорати худи вазир буданд, саҳм гузошт ва фардо субҳ бояд боз ба шаҳр бармегашт. Соате пештар ў ба шаҳр занг зада, аз вазъи хонаводааш хабардор гашт ва ҳамсараш Умедаро бовар кунонд, ки фардо субҳ бо кормандони гулободӣ хайрухуш хоҳад кард. Аслан, дилгир шуда буд ва майли хонаи хеш дошт. Дар нимаи дуюми рўз сардори ШКД – и ноҳияи Гулобод подполковники милиса Ҳамид Ҷовид ўро наздаш хонд. Лаҳзае пас ў рухсат пурсида, вориди утоқи кории сардори ШКД шуд.
Ҳамид Ҷовид ба истиқболи ў хеста, марди дар утоқи кориаш бударо муаррифӣ кард:
– Марҳамат шинос шавед, ин кас сарчўпони номии хоҷагии «Ҳосилот» Шодии Лоиқ.
– Сорбони Ҳомид, – худро муаррифӣ кард капитани милиса.
Ҳамид Ҷовид сабабҳои ташрифи сарчўпонро шарҳ дода гуфт:
– Рафиқ капитан, ман бисёр хоҳиш мекардам, ки то ҳалли ҳамин муаммо ҳамроҳи мо мемондед.
Чӣ ҳам мегуфт Сорбони Ҳомид. Акнун бозгашт ба шаҳрро ба гўшаи фаромўшӣ додан лозим меомад. Сабаби ба Гулобод омадани ў низ Ҳамид Ҷовид шуда буд, ки тайи солиёни зиёде дар ноҳияи Саричашма ҳамроҳаш кор мекард ва маҳз аз сардори раёсати кофтукови ҷиноятӣ омадани Сорбони Ҳомидро барои расонидани ёрии амалӣ талаб карда буд. Магар ў дар чунин лаҳзаи мушкил метавонист, ки Ҳамид Ҷовид ва коллективи ўро танҳо гузоред. Не, ў кӯрмуш нест, ки дар лаҳзаи мушкил киштиро тарк кунад. Вале кӣ медонад, ки ин муаммои сарбаста, ки хабарашро сарчўпон Шодии Лоиқ овардааст, кай кушода мешавад ва оё кушода мешавад.
– Ноумед шайтон аст, банда ҳамеша бо умед зинда аст, – ҳамеша таъкид мекард худораҳматии бобояш ва маҳз ҳамин суханони бобо лаҳзае ўро ба андеша водор намуданд.
– Ман розӣ, - баъди андешаи на чандон зиёде сар бардошта гуфт ў.

пешина
аз 513
навбатӣ