Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мошин пардаи зулмот дарида, дар роҳҳои пурпечутоби кўҳӣ пеш мерафт…


Нурҳои офтоб аз оинаи тиреза вориди ҳуҷраи хоби Лайлӣ гардида, оҳиста - оҳиста то ба рўйи духтар, ки болои кати дунафараи мулоими хориҷӣ мехобид, расиданд.
Шуълаҳо он қадар таъсирбахшу гарм буданд, ки лаҳзае пас духтар дар таги обу арақ монд ва ниҳоят ҳазёнгўён бедор шуд. Ин аввалин шабе буд, ки баъди доругириҳои зиёди зиндагӣ Лайлӣ орому осуда хобид. Аз ҳама он мондагии дирўза ҳатто осоре намонда буд.
Ў тани урёни хеш бо хилъати моҳутдори мулоим пўшонд ва пой бар кафшҳои мулоим гузошта, аз ҷой бархеста қомат рост кард. Сипас, ба назди оинаи тиреза рафт ва аз паси пардаи ҳарир лаҳзае ба берун чашм дўхт. Дар поён, дар роҳ ҳамаро дар такопуи зиндагӣ дид ва аз паси тиреза дур шуд. Ба ҳаммом даромада, ҷисми хешро ба зери душ, ки обаш на чандон гарм буд, гирифт ва лаҳзае оламу одамро ба гўшаи фаромушӣ дода, аз оби мусаффо ҳаловат бурд ва тозаю озода аз ҳаммом берун шуда ба хонаи хобаш даромада, симои худро дар оинаи калони деворӣ дидан хост. Чун симои аз атру упои хориҷӣ тозакардаи хешро дар оина дид, вуҷудаш ларзид.
Ҳанўз аз давраи мактабхониаш ў ба шакли зоҳирии хеш аҳамият медод ва усмаю сурма муниси ҳамешагияш буданд.
Агар он рўзе, ки ўро ба тўйе даъват мекарданд, соатҳо назди оина истода, худро орою торо медод. Модараш ин аҳволи ўро дида ҳамеша мегуфт:
– Ахмақ аст он марде, ки ба духтар дар тўй ва ба асп дар рўзи борон дил мебандад.
– Зангиру аспгир ҳамааш девона аст ва кай ўро фикри тўю рўзи борон ба ёд биёяд, очаҷон.
Ширингуфтории Лайлӣ ба модар писанд буд ва маҳз ҳамин забони хуш ўро аз ҳар варта берун меовард ва баъди хатми мактаби миёна бархилофи ақидаи падар ў модарро барои ба институт рафтан розӣ кунонида тавонист…
Соле пас аз ба мактаби олӣ дохил шудани Лайлӣ модар ба касалии домана мубтало гашт ва дунёи ҳастиро падруд гуфт ва шояд ба бахти ў буд, ки кирдорҳои пасипардагӣ ва бешармонаи духтарашро надид. Баъди вафоти модар Солеҳ Ҷалил ўро соҳиби хона кард ва Лайлӣ на танҳо дар лаҳзаҳои фориғ, балки дар амалиёти ҷинояткоронааш низ мунису ҳамдами ў гашт.

пешина
аз 513
навбатӣ