Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

КАМАЗ бо суръат даштҳои ҳамворро ба қафо гузошта, пеш мерафт. Бо фарорасии шом онҳо ба роҳҳои пурпечутоби кўҳистон ворид шуданд ва ронанда баъди гардиши аввалин чароғҳои мошинро фурўзон кард. Роҳҳои пурпечутоби кўҳӣ аз ронанда ҳушёрии бештареро талаб мекунанд ва Гурезов шоҳиди он буд, ки чӣ тавр ронанда бо як маҳорати ба худ хос чанбаракро гоҳ ба чапу гоҳ ба рост тоб дода, самти ҳаракати КАМАЗРО муайян мекунад. Лейтенанти милиса ба хубӣ дарк мекард, ки роҳи кўҳистон ин роҳи тахту ҳамвори водӣ нест ва хатои ночизе метавонад мошинро ба ҷар барад…
Ҳарчанд ў бо ронандаи гулободӣ суҳбат кардан мехост, вале роҳҳои тангу назарногири кўҳистон, ки ба ягон меъёри стандарти байналхалқӣ ҷавобгў набуданд, монеаи суҳбати онҳо мешуданд. Ў гоҳ-гоҳ бо гўшаи чашм ба тарафи ронанда назар мекард ва чун боварӣ ҳосил менамуд, ки ҳушу ёди ронанда ба роҳ аст, дилаш каме таскин меёфт ва натиҷаи корҳои хешро пеши назар меовард.
Аз он чӣ ки духтараки шонздаҳсола бо марди чилсола ишқварзӣ кардааст, баҳри милиса ташвиши зиёдатие ҳам намеовард, зеро шахсе, ки бояд аз рўйи ин кор ҷавоб мегуфт, дар қайди ҳаёт набуд. Вале боз ҳолатҳое буданд, ки милиса бояд ба ҳимояашон мехест. Ин пеш аз ҳама, нигоҳ доштани ҳаёту саломатии модари ҷавону кўдаки дар батни ў буда ҳисоб мешуд. Азбаски чунин ҳолатҳо дар ҳаёти шарқиён аҳён
– аҳён рух медиҳад, ин пеш аз ҳама, аз дараҷаи баланди таъсири ислом шаҳодат медиҳад ва акнун он духтар моҳии ба соҳил афтидаеро мемонад, ки баҳри ҳимояи номуси хеш ба ҳама кор қодир аст. Дар чунин ҳолатҳо бонуво рда метавонанд ё аз кўдак халос шаванд ва ё ба худкушӣ даст зананд. Ҳарчанд ў ному насаб ва суроғаи он духтар медонист, вале бе маслиҳат ба кулбаи вай қадам ниҳоданро ба худ раво надид. Чунин масъаларо ў наметавонист тариқи телефон ба самъи сардори ШКД расонаду аз ў маслиҳат пурсад. Маҳз барои ҳамин шуда, ў дар бевақтии рўз ба роҳ баромад, вагарна фардо азми сафари Гулобод мекард. Дар ҳодисаи мазкур айб дар ош буд ё дар мош, ба хулосае омада натавонист, вале дар бисёр ҳолатҳо чунин ҳодисаҳо бо фоҷиа меанҷомиданд ва акнун ў лейтенанти милиса Гурезов бояд сари ин масъала чорае меандешид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё