Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

“Дар ноомади кор атола дандон шиканад” гуфтаанд ва ба ҳама талошу дастакзаниҳои ў нигоҳ накарда, мавҷи калоне аз тарафи рост бархест ва ҷисми ўро рост ба соҳили чап ба пеши пойи онҳое партофт, ки қасди ҷонаш доштанд. Болои регҳои соҳил ў моҳии аз об берун афтодаро мемонд, ки дар талвосаи ҷон худро ба баҳр андохтан мехоҳад, вале…Чун сар бардошт, нигоҳи пур аз кину ғазаби Гурдофариду ҳамроҳонашро дид, ки вуҷудаш шикофтанд.
Дар нигоҳи духтар он қадар нафрату хусумат дид, ки чашми хеш аз нигоҳи ў гурезонд ва сар болои реги соҳил монд, то лаҳзае осуда монад. Дар ҳамин ҳолат воқеаҳои рўзҳои охир чун навори кино аз пеши назараш гузаштанд.
Солеҳ Ҷалил аслан ҷони одам буд ва ўро ҳамеша бо унвони илмиаш ном гирифта, “Эшони домулло” мегуфт.
Маҳз ҳамин эҳтироми беандоза ба ў имконият дод, ки боре дар бораи шеф-и «Ҳамдилон», ки аз шиносоӣ бо звеноҳои мобайнӣ канораҷўӣ мекард, пурсон шавад.
– Эй, эшони домулло, эшони домулло, - ба сухани хеш оғоз кард Солеҳ Ҷалил. –Мебинам, ки бо ҳама он илми андӯхтаат ҳанўз хомӣ, ки хом.
– Чӣ хел хом? – эътироз кард ў.
– Гумон дорӣ ки ман кӣ будани шеф - ро медонам.
–Бале.
– Хато мекунӣ, эшони домулло. Ман ҳам аз худат беш чизеро намедонам. Ҳамаи мо дар зери ин гунбади гардун меоему меравем, вале худи маҳфили «Ҳамдилон» чун кўҳи бузург асрҳо пойдор мемонад ва ба мо чӣ фарқ дорад, ки садри он кист. Така бошаду шир диҳад. Мо ба ивази корамон музд мегирем – ку.
– Дуруст, баҳс намекунам.
– Ин хел ки бошад, аз ман ба худат як насиҳат, чунки дар синну сол ман калонтарам.
– Гўш мекунам.
– Агар ба сухани ман гўш диҳӣ, ҳамеша аз ҳамон духтари шайтон худатро канор гир.
– Аз Лайлӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё