Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунин ҳам шуд. Ду - се дақиқа пас аз тарафи шарқ ба самти ғарб мошине омад ва паҳлуи ў, ки рўйи роҳ чун ҳайкал рост меистод, қарор гирифт. Чун боварӣ ҳосил кард, ки дар сари чанбарак ёвари шеф танҳост, гуфт, каме сабр намояд ва худ лаҳзае аз роҳ баромад ва автоматро бо худ гирифта баргашт.
Хушбахтона, дар он самти роҳ ягон намуди нақлиёт дар ҳаракат набуд. Дар дохили мошин ў аз натиҷаи кори хеш ба ёвари шеф ҳисобот дода, гуфт шахсе, ки боло ба маргаш амр дод, ин дафъа бе дастовез омада буд. Гурдофарид ўро то пеши ҳамин хонаи конспиративӣ, ки чандин бори дигар меҳмон шуда буд, овард ва гуфт, ки чанд рўз ҳамин ҷо монад, то бубинем чӣ гапҳо мешавад.
Бад ё нек будани рафтори хешро нисбат ба пинҳон кардани он даҳ килограмм бори овардаи Солеҳ Ҷалил баҳо дода натавонист. Довари чунин кор танҳо вақт буд ва агар маҳфили «Ҳамдилон» таваҷҷуҳи он бор накунад, нураналонур мешуд. Дар он сурат ў агар худаш борро танҳо обу лой намояд, фоидаашро ҳисобе набуд. Ва агар баръакс шавад, дона дар даҳонаш бирён хоҳад гашт ва маҳфил ҳаргиз гуноҳи ўро нахоҳад бахшид…
Ҳамин фикру андешаҳо дили ўро реш - реш мекард ва аз Офаридгор баҳри амон мондани сари хеш, ки ғуломи нафс гашта буд, мадад мехост.
Ў ҳамоно болои мавҷи андешаҳо шино дошт ва дафъи пуртуғён вайро аз як соҳил ба соҳили дигар мебурд. Дар кадом вазъ будани хешро кайҳо дарк карда буд ва майли ба соҳил баромадан ҳам накард, чунки дар ҳарду соҳил ҳам рақибони хеш медид. Дар соҳили чап ў Гурдофарид ва боз чанд тани ношиносро дид, ки шояд дар куҷо будани борро пурсиданӣ буданд. Дар соҳили рост чанд тан марди низомипўшро дид, ки ўро ба сўи хеш ово мекарданд…
Ў ҷисми хешро ба пушт партофта, рўи об дастак задан гирифт, вале мавҷи дарё мисли санги осиё гирд гашта, шиноварро дар ҳамон як нуқта нигоҳ медошт, то дурусттар андеша намояд, ки ба кадом тарафи соҳил шино кунад.
Ниҳоят ў ба қароре омад, ки дар соҳили ростбудагон ба қонун наздиктаранд ва ҳар он чи ки дар чаҳорчўбаи қонун рост мегирад, хатараш камтар аст. Ў нафаси чуқуре гирифта, ҷисми хеш тоб дод ва ба тарафи соҳили рост дастак задан гирифт.

пешина
аз 513
навбатӣ