Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Шуморо чӣ маҷбур кард, ки баъди марги Раънои Носир ба аёдати Фарангиси Қодир равед? - боз риштаи суханро ба даст гирифта пурсид Абдумаҷидов.
– Раъно боре гуфта буд, ки ман аз Фарангис ягон сирри пинҳонӣ надорам ва ман ба он ҷо рафтам, то бифаҳмам, ки ў дар бораи асрори марги шавҳараш ба дугонааш ягон сухан гуфтааст ё не. Ба замми ин, ўро дар омади гап, аз марги дугонааш огоҳ кардам. Хостам, ки ба ин васила Фарангис он асрори ниҳони ишқварзиҳои дугонаашро ба милиса хабар диҳад.
– Яъне, ки пеши пойи дигарон хеле чоҳ кофтед? - пурсид муфаттиш.
...
– Оё андеша накардед, ки чоҳкан ҳамеша зери чоҳ аст, - пурсид ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ.
– Ман гунаҳкорам, – сар ба зер афканда гуфт Обидаи Баҳром.
– Гуфтед, ки ҳама изҳои хешро дар хонаи Раъно бо латтаи тар тоза кардед.
– Ҳа, гуфтам.
– Дар пероҳани мақтул доғи хунеро ёфтанд, ки аз рўи гурўҳ ва резус мансуби хуни ў набуд.
– Дар рафти задухӯрд ва талвосаи ҷон Раъно Назирро тела дод ва оринҷи дасти Назир ба курсие бархўрда хуншор шуд. Ба ҳар ҳол мо доғеро дар либосҳои Раъно надидем.
– Бадбахтии кори шумо дар он буд, ки ҳамон лаҳза Раънои Носир дар тан пероҳани сурхи ҷигарӣ дошт. Дар пероҳани сурх бошад, доғи хун намоён нест, – гуфт Абдумаҷидов.
– Хуни шумо аз рўйи гурўҳ ва резусаш? – пурсид муфаттиш.
– Хуни ман аз рўйи гурўҳ якум ва аз рўйи резусаш мусбӣ аст.
– Аз Назир Назар чӣ?
– Намедонам.
– Шумо гуфтед, ки Назир тариқи банд аз хонаи Раънои Носир ба хонаи худаш фаромад.
– Ҳа, ҳамин хел буд.
– Он ресмонро дар ҳамон нисфи шаб аз куҷо ёфтед? Ҳоло ресмон дар куҷост?

пешина
аз 513
навбатӣ