Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў акнун боз ду - се соат вақт дошт ва метавонист сари кирдорҳои хеш андеша намояд.
Суҳбати ғайрирасмии онҳо танҳо дар атрофи шиносоии ў ва Назир Назар буд. Тоҷирзан ҳоло дар байни ин чор девори бетонӣ сари андешаҳои хеш нишаста, пеш аз ҳама Назирро ба ёд овард. Ў ба ёд овард, ки чӣ тавр ба хонаи дугонааш Гулбарг рафт ва чӣ тавр дугонаашро фиреб дода, шавҳрашро ба хонаи хеш овард. Аслан Назир устои чирадаст ҳам набуд, вале дар бистари муҳаббат аз падари Хайём дида пурқувваттар буд. Маҳз ҳамин ҳолат сабаб шуду норасоиҳои ороиши хонаро ў ба инобат нагирифт. Не, Обида ба ҷуз падари Хайёму ҳамсари дугонааш боз бистари чандин мардони дигарро низ дида буд, вале ҳамаи онҳо ўро баҳри дилхушии яклаҳзаина истифода бурданд.


“Гапи хона ба бозор рост намеояд,” - гуфтагӣ барин тафтишот пурсиши гумонбаршуда Обидаи Баҳромро то субҳи рўзи дигар мавқуф гузошт. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки тафтишот дар муҳлати муайянкардашуда гумонбаршуда Обидаи Баҳромро, ки акнун дар ҳабси муваққатӣ буд, бо ҳимоячӣ таъмин карда натавонист. Сардори маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ, ки шиноси наздики муфаттиш буд, қавл дод, ки субҳи фардо яке аз беҳтарин адвокатҳои хешро барои ҳимояи Обидаи Баҳром хоҳад фиристод. Муфаттиш дар ин байн ба таври расмӣ ба суроғаи Обидаи Баҳром ва Назири Назар мактуби расмӣ фиристода, пайвандони онҳоро аз боздошти расмиашон дар ҳабси муваққатӣ хабар дод. Ҳамзамон Бобо Самад ва ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ин дафъа дар бинои прокуратура дар дафтари кории муфаттиш бо Назир Назар мулоқоти расмӣ намуда, расо чор соат «кабӯтари дубома» - ро то ҳадде афшониданд. Назир Назар чун ба тақдири хеш тан дод, ҳамаи буду шуди корро бе каму кост баён кард ва ба қавле бухси дили хешро холӣ намуд.
Новобаста аз он ки муфаттиш ва ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ шаби гузашта ниҳоят дер ба хона рафтанд, сари субҳ чун ҳарвақта ба кор омаданд. Танҳо баъди омадани муфаттиши прокуратура ба милиса ва вохўрӣ бо адвокат Ёрмуҳаммад Бутаков гумонбаршуда Обидаи Баҳромро ба ҳуҷраи кории Абдумаҷидов оварданд. Муфаттиши прокуратура чун далелҳои кофиро дар хусуси дар хонаи Обидаи Баҳром ба қатл расонидани Раънои Носир дар даст дошт, худ макони пурсишро муайян кард.

пешина
аз 513
навбатӣ