Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– К чему клоните?
– Да о том что вы не соблюдали дистанцию.
«О, лаънатии Гулбарг, чӣ хел шикоят намудааст, шояд ба инҳо ягон хешу таборӣ дорад, вагарна киро ба мо корест.
Ана, барои чӣ ҷанобашон ин қадар аз дур сухан мекунанд.
Хайр шаф - шаф накарда шафтолу гуфта монанд. Аҷаб нест ҳамаи ин ҳаракатҳояшон як саҳнаи холӣ набошад. Дар - ку маҳкам буд. Агар Гулбарг арз намуда бошад, аздусар Назирро ба ҷояш шинондагист. Модоме ки чунин аст, ба гумон аст, ки ў сари субҳ боз ёди ман намуда бошад», – аз дил гузаронд Обида ва гуфт:
– Инро аввал исбот кардан лозим.
– Чиро? - пурсид муфаттиш.
-Риоя накардани масофаро, - боз риштаи суханро ба даст гирифт Абдумаҷидов.
– Ман зани озодам ва пеши касе дар ин бора ҳисобот доданӣ нестам, - паст наомада гуфт Обидаи Баҳром.
– Мо ҳамин чизро аз шумо талаб карданӣ нестем.
– Пас ин ҳама саволу ҷавобро сабаб чист?
– Ҳозир ҳамаашро мефаҳмед. Шояд вақти он расидааст, ки ба сари мақсад биёем? - ба тарафи муфаттиш нигариста гуфт Абдумаҷидов.
– Чӣ илоҷ, сар кардем, - гуён муфаттиши прокуратура протоколи пурсиши гумонбаршударо болои мизи кори гузошт ва ба таври расмӣ ба пурсиши Обидаи Баҳром пардохт.
– Аздусар ман аз болои Назир ягон чиз наменависам.
– Аз болои ў менависед ё не, айни вақт аҳамият надорад.
-Айни вақт гуфта чиро дар назар до
–Боз каме тоқат намоед, ҳамаашро мефаҳмед. Акнун ба саволҳо аниқ ҷавоб диҳед. Ном ва номи падаратон?
– Обидаи Баҳром.
– Рўз, моҳ ва соли таваллуд?
– 16 апрели соли …
– Ҷойи таваллуд ва истиқомат?
– Шаҳри Душанбе, кўчаи Гагарин 24/4 ҳуҷраи 20.
– Тафтишот шуморо дар асоси моддаи 104 бандҳои «а», «г» ва «е»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марги сокини кўчаи Гагарин 24/4 хонаи 21 Раънои Носир гумонбар аст. Шумо ҳуқуқ доред…

пешина
аз 513
навбатӣ