Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ба саволи Абдумаҷидов посух дод, ки ҳоло ў дар бахши навбатдорист. Чор дақиқа пас боз инаш (муфаттиши прокуратура дар назар аст) вориди дафтари кории Абдумаҷидов шуд. Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки Обида кай ва аз куҷо омад? Чаро ўро ба ин ҷо наоварданд?
Дар давоми чор дақиқа чӣ тавр тавонист муфаттиш бо ў чунин суҳбат орояд, ки Обида дарди дилашро ба ў ифшо созад. Шояд ҳамаи ин як намуди чашмбандист ва ё саҳнаи тайёркардаи худи инҳо барои ба дом андохтани мисли ман барин одами роҳгум. Ҳар он чи ки ҷанобашон гуфтанд, бе асос нест. Модоме ки чунин аст, ў дар ин бора маълумоти кофӣ дар даст дорад, ҳатто чӣ тавр субҳи дирўз Гулбарг бо туфлиаш ба сари ман заданро. Дар он субҳи содиқ ин рафтори Гулбаргро касе надид, ҳатто Обида ҳам, вале ман дар ин бора худам ба Обида рози дил намудам. Ў бошад дар як мижа задан сирру асрори маро фош сохтааст. Гумон дорад, ки бо ин васила ҳама гуноҳро ба гардани ман бор кунад, бехабар аз он ки милиса ўро бо ҳамин суханони худаш буғӣ хоҳад кард» - аз дил гузаронд Назир Назар ва бо овози шунаво гуфт:
– Шояд Обида хато карда бошад?
– Чаро мо ба суханони шумо бовар намоему ба нишондоди Обидаи Баҳром не, ҳол он ки Обида ба тафтишот ёрӣ додан мехоҳад, шумо бошед…
– Чӣ хел ёрӣ?
– Нисбат ба шумо Обида қонунро дурусттар медонистааст. Нағз мефаҳмад, ки танҳо ба гуноҳи хеш иқрор шудан метавонад дараҷаи гуноҳи шахсро пасттар намояд ва ҳангоми эълон намудани айб тавбаи кас ҳамчун ҳолатҳои сабуккунандаи гуноҳ ба инобат гирифта мешавад.
– Чӣ хел гуноҳ? Ман аллакай ба майор Абдумаҷидов гуфтам, ки Обида бо дасти худ як калиди хонаашро ба ман дод ва агар бовар накунед, аз худаш пурсед. Наход гумон созед, ки ман дар рўзи рӯшан ба мақсади дуздӣ пой бар он остона гузоштам?
– Худро масхара накунед. Шумо нағз медонед, ки мақсади мо чист.
– Аз куҷо донам?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор