Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Мо агар шуморо дар ҷинояти мудҳише гумонбар намешудем, ҳаргиз ба ин ҷо намеовардем. Ҳарчанд дар рафтори кунунии шумо аломати ҷиноят ҳам дида нашавад, лек шумо ки зану фарзанд ва хонаи обод доштед, бояд андеша мекардед, ки пой бар куҷо ниҳодаед. Муносибатҳои маҳрамона бо Обидаи Баҳром ҳардуи шуморо то ба ҷиноят бурд, ба замми он ки шумо дар хуни мўйсафеди ҳафтоду ҳашт
- сола зомин шудед.
Муфаттиши прокуратура боз чизе гуфтан мехост, аммо зуд гапашро бурид ва аз ҷузвдони чармине, ки бо худ оварда буд, протоколи пурсиши гумонбаршударо баровард. Чун ў бандҳои асосии болои протоколро дар асоси нишондоди Назир Назар пур кард, ба вай фаҳмонда дод, ки дар асоси моддаи 104 бандаҳои «а», «г» ва «е» - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гумонбар дониста шуда ва аз ҳамин лаҳза дар асоси қонун боздошт карда мешавад. Ба боздошташуда фаҳмонда дода шуд, ки ў ҳамчун гумонбар ҳуқуқи додани нишондод, иброз намудани даъво барои санҷиши нишондод, шикоят кардан аз рўйи ҳаракатҳои тафтишотии муфаттишу прокурорро дорад. Ҳамчунин, метавонад аз ҳамин лаҳзаи боздоштшавиаш аз хизмати адвокат истифода барад. Чун Назир Назар ягон даъвое накард, муфаттиш ба протокол имзои ўро гирифта, ба оғози пурсиши расмӣ шуруъ кард.
Назир Назар се соат кўшиши зиёде ба харҷ дод, ки умуман худро аз чунин як ҷинояти мудҳиш, ки дар қонун чун ҷинояти муқобили ҳаёт нишон дода шуда буд, ҳифз намояд, вале муфаттишу ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ баҳри собит кардани гуноҳи вай он қадар факту далелҳо овардаанд, ки дар интиҳо музтар монд ва фаҳмид, ки дигар касе ба додаш нахоҳад расид. Бо ҳама вазъи ноҳинҷори худ ў боз ҳамон саҳначаи мушу гурбаро пеши назар овард. Назир он вақт дар синфи даҳум мехонд ва рўзе ғайриихтиёр шоҳиди воқеае гашт. Рўзе ў дар саҳни ҳавлӣ гурбаи сафеди худро дид, ки бо мушаке бозӣ дорад. Гурба мушакро бо чанголҳояш дошта худро тоб медод, мушакро гоҳ ба боло мепартофт то ў ҷон ба саломат барад, лек новобаста аз ҳама «раҳму шафқати» гурба мушак ҷон ба саломат бурда натавонист. Чун гурба аз бозӣ хумори хеш бишикаст, мушакро буғӣ кард. Ҳамин саҳначаи кайҳо дидаашро ба ёд овард, дилаш ҳазин гашт ва худро ба ҷойи мушак диду муфаттишу соҳиби дафтари кориро ба ҷойи он гурбаи сафед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор