Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Ба ростӣ, намедонам. Ман ягон маротиба дар ин бора ба духтур муроҷиат накардаам.
– Майлаш бовар кардем. Ташхиси тиббӣ резус ва гурўҳи хунатонро муайян хоҳад кард. Акнун бигўед, ки шаби 19 ба 20 сентябр дар куҷо будед?
– Дар хона.
– Инро кӣ исбот мекунад?
– Ҳамсарам ва фарзандонам.
– Обидаи Баҳром бошад мегўяд, ки ҳамон шаб шумо ҳамроҳи вай будед?
– Не, ман дар хона будам, чунки ҳамон рўз аз Маскав омада будам.
– Дар Маскав чӣ кор мекардед?
– Ба тиҷорат машғулем.
– Танҳо?
– Не, ҳамроҳи Обидаи Баҳром.
– Ба ҷуз ҳамкорӣ дар тиҷорат боз ягон муносибате бо ҳам доред?
Ў хост не бигўяд, вале аллакай дарди дили хеш бо Абдумаҷидов кушода буд, бинобар ин гуфт:
– Ҳа, байни ману Обидабону муносибати дўстона вуҷуд дорад.
– Кушодатар гап занед?
– Мо дар муносибати маҳрамона қарор дорем.
– Оне, ки дирўз бо туфлӣ ба саратон зад, кӣ буд?
“Ё тавба. Дар ин бора инҳо аз куҷо медонанд, наход Обида ҳамаи сиру асрорро ошкор карда бошад?”-аз дил гузаронд ў ва гуфт:
– Ҳамсарам.
– Боз мегўед, ки шаби 19 ва 20 сентябр дар хона будед.
– Ҳа, он шаб ман дар хона будам.
– Обида бошад, ду пойро дар як мўза андохта собит кардан мехоҳад, ки шаби 19 ба 20 сентябр, яъне бегоҳи якшанбе ба душанбе, ҳамроҳи шумо будааст. Мо аслан нафаҳмидем, ки сухани кадоме аз шумо дуруст аст.
«Наход Обида ақлашро хўрда бошад? Рост гуфтаанд, ки мўйдарозон ҳеҷ гоҳ соҳибақл набуданд. О, бояд ў нағз мефаҳмид, ки он шабро зинҳор ба ёд овардан лозим набуд.
Аҷиб, ки инҳо кай вақт ёфта, бо вай ҳамсуҳбат шуда бошанд?
Ҳамагӣ лаҳзае пеш он милисае, ки маро ба ҷурми дуздӣ аз пеши дари хонаи Обида дошта, ба ин ҷо овард, омада хабар дод, ки Обидаи Баҳром омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор