Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Назир ин ҷо чӣ дахл дорад?
–Ҳамсоя соате пас номи ҳамсояи навро аз дигарон шунидааст, ки Назир ном доштааст ва бо Обидаи Баҳром муносибати зич доштаст, гуфт Зиёев дар анҷоми нақли хеш.
– Акнун тасаввур мекунем, ки он чӣ гуна муносибат аст, модоме ки дар он субҳи солеҳон бо либоси тагпўш кўзача дар даст барои гирифтани шир аз хонаи Обидаи Баҳром баромада бошад, гуфт Абдумаҷидов.
– Он зане, ки бо туфлӣ ба сараш задааст, эҳтимол ҳамсараш будааст,– гуфт Муродов.
– Ҳа, ҳамсараш.
– Ин хабарро аз забони ҳамон ҳамсояи назоратчӣ шунидӣ? - пурсид ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ.
– Не, ҳамаи ин суханонро ман аз забони дигар кас шунидам. Пиразани хубест, ки баъзан бандаро аз воқеаҳои маҳалла огоҳ месозад.
– Чаро ўро ба алоқа бо милиса ҷалб накардӣ? - гуфт Муродов.
– На ҳар кас ба алоқаи расмӣ бо милиса розӣ мешавад, ва пиразан низ расмиятпарастиро хуш накард.
– Суҳбат боқӣ, - гуфт Абдумаҷидов ва аз ҷой бархест.
Муродов ва Зиёев ҳам чароғҳоро хомўш карда берун баромаданд. Ҳар се ба ҳамдигар шаби хуш орзу намуда, ба самтҳои гуногун ҳаракат карданд. Абдумаҷидов ба таксие нишаста, то пеши хонааш омад.


Тамоми шаб ў мижа таҳ накард. Гўё болои бистари мулоими хонаи падар не, балки болои регзоре хуфта буд, ки бо ҳар як ҳаракати ноҷо сангчае вуҷудашро мешикофт.
Хайёмро кайҳо хоб бурда буд ва ў ҳеҷ нафаҳмид, ки писарбача афсонаи ўро то охир шунид ё не. Чун дар зиндагӣ ўро мунису ҳамрозе набуд, дарди дили хеш ба писарчааш ифшо мекард.
Гоҳ - гоҳ агар Назир занг мезаду аз омадани хеш хабар медод, ў ҳатман Хайёмро ба хонаи модараш меовард.
Бародаронаш баъди корнамоиҳои хоҳарашон ба ў муносибати сард доштанд, вале ба хотири модарашон муҳри хомўшӣ ба лаб гирифта буданд. Ба бахти Обида, ки Хайём бибиашро ниҳоят дўст медошт ва бибиаш ҳам агар ўро ҳафтае як бор набинад, худро ноҳинҷор ҳис мекард.

пешина
аз 513
навбатӣ