Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Аминам.
Бо каме дермонӣ шербачаҳои Муродов (нозирони минтақавӣ дар назаранд) пой бар остонаи ҷойи кори хеш ниҳоданд.
Аз ҳама охир лейтенант Зиёев омад. Муродов фикру ақидаи ҳамкорони зердасташро шунида, аз рўйи вазъи ба амаломада барои рўзи оянда дастуру супоришҳо дод ва ба ҷуз Зиёев бо ҳама худоҳофизӣ намуд. Чун ҳама рафтанд, ў ба лейтенанти ҷавон Зиёев боз мақсади омадани майори милиса Абдумаҷидовро шарҳ дод.
– Шояд ҳозир равам?
– Ҳозир лозим нест. Беҳтар мешуд, ки фардо субҳ Обидаи Баҳромро ба милиса меовардӣ, - хоҳиш кард ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ.
– Хуб шудааст.
– Бо Назир чӣ кунем? - пурсид Муродов.
– То шахсияти ўро муайян накунем, ёфтанаш душвор. Ба ин кор бошад, танҳо Обидаи Баҳром рўшанӣ андохта метавонад.
– Назир? - гуфтед пурсид Зиёев.
– Ҳа, Назир.
– Тахминан ду моҳ пештар дар ошёнаи дуюми ҳамон биное, ки Обидаи Баҳром зиндагӣ мекунад, дар таги хонаи Раънои Носир Назир ном шахс хона харидааст. Ҳарчанд худаш дар ин ҷо зиндагӣ накунад ҳам, гоҳ - гоҳ дар он манзил пайдо мешавад. Субҳи имрўз ҳамсояи онҳо шоҳиди воқеаи аҷибе шудааст.
– Чӣ хел воқеа? – пурсид Абдумаҷидов.
– Ҳамсоя аз хонаи якҳуҷрадор овози ширфурўшро шунида хостааст берун баромада шир гирад ва нохост ҷанҷоли зану мардеро шунида, аз чашмаки дар ба майдончаи ошёна нигоҳ кардааст ва медонед ў чӣ саҳначаеро дидааст? – гуфт Зиёев.
– Мо он ҷо набудем, аз куҷо донем? - гуфт Муродов.
– Ҷанҷоли зану мардеро дидааст. Дурусттар зеҳн монда дидааст, ки мард ҳамон касест, ки ду моҳ пештар дар ошёнаи дуюм, дар зери хонаҳои Раънои Носир хона харида буд. Ў ҳайрон шудааст, ки он мард чаро бо либосҳои тагпўш кўзача дар даст аз хонаи Обидаи Баҳром баромадаст. Аз ҳама аҷибаш он аст, зане, ки бо ў дар муноқиша будаст, бо туфлии дар дасташ буда, ба сари он мард зада, бо ғазаб аз зинаҳо поён рафтаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор