Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Хостанд дар бораи Обидаи Баҳром аз ҳамсояҳо маълумот гиранд, вале ҳамоно аз райъашон гаштанду аз майдончаи ошёнаи сеюм ба поён фаромаданд. Аз ҳарду тарафи бино давр зада боварӣ ҳосил намуданд, ки чароғҳои манзили Обидаи Баҳром фурўзон нест, аз он маҳал берун рафтанд.
– Хоҳу нохоҳ ин корро то пагоҳ мавқуф гузоштанамон лозим мешавад, - гуфт муфаттиши прокуратура ва бо Абдумаҷидов хайру хуш намуд. Абдумаҷидов ба самти ҷануб, ба тарафи пункти такягоҳи тартиботи ҷамъиятии рақами панҷум, ки дар масофаи на зиёдтар аз панҷсад метр аз ҳамон ҷойи исташ дуртар буд, ҳаракат кард.
Дар хомўшии шабона қадам зада, сари суҳбати бегоҳирўзии хеш бо Бобо Самад андеша намуд. Ҳарчанд ў ба фикри муфаттиши прокуратура розӣ нашуд, вале роҳи аз он гирдоб баровардани Собири Файзро ҳам надид. Муфаттиш рост гуфт, ки бе ҷудо намудани қисме аз парвандаи ҷиноятӣ аз болои Собири Файз ягон прокурор фикри айбдориро тасдиқ намекунад ва ягон суд парвандаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода наметавонад. Рафту агар аз болои Собири Файз парвандаи ҷиноятӣ ҳам оғоз намоянд, ҳангоми эълон намудани айб нисбат ба ў танҳо ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазоро баррасӣ хоҳанд кард. Бубин қонун то куҷо нозук аст. Шахсе, ки онҳо нияти дастгириаш доштанд аз чаҳорчўбаи қонун берун намонд. Бо ҳамин фикру андешаҳо ў ба пункти такягоҳи тартиботи ҷамъиятии рақами панҷум омад.
– Оҳ - ҳо киро мебинам! - гўён сарнозири минтақавӣ Муродов, ки дар беруни бино тамоку дуд медод, ба истиқболи ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ чанд қадам ниҳода гарм вохўрӣ намуд ва Абдумаҷидовро ба дафтари кориаш таклиф кард.
– Дар ин поси шаб кадом шамолҳо шуморо ба ин ҷо овард? - пурсид Муродов.
Абдумаҷидов матлаби хешро баён намуда, аз Муродов ёрӣ хост.
– Мо дар ихтиёри шумо, рафиқ майор, - гуфт сарнозири минтақавӣ, ки сарварии пункти такягоҳи ҷамъиятии рақами панҷумро ба душ дошт.
– Ҳоло ба гумон аст ёфтани Обидаи Баҳром.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор