Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ҳангоми вохўрӣ ман ҳам ба эҳсосот дода шуда, ҳар он чи ки дар дил нисбат ба чунин шахси палид доштам, ба забон овардам. Акнун ҳаволаи чунинҳояш ба Худои таъоло.
– То марра акнун чанд қадам мондааст. Чӣ бояд кард?
– Онро ҳар чи тезтар тай кардан лозим, то боз нафаре қурбони дасти ҷинояткоре, ки мо онро бояд даст гирем, нашавад.
– Агар суханони Ҷўраев рост бошанд, Назир дар ҳақиқат қотили Раънои Носир аст, вале ба ақидаи банда роҳбаланди ў дар ин кор Обидаи Баҳром аст. Шумо агар зид набошед, худи ҳамин шаб мо бояд Обидаи Баҳромро ба милиса биёрем.
– Марҳамат.
– Ҳамин корро ба зиммаи Зиёев гузорем - чӣ?
– Рафту…
– Шуморо фаҳмидам. Биё, беҳтараш ба ошхона равем. Бо меъдаи холӣ фикри дуруст ҳам ба сар намеояд.
– Зид нестам. Шиками ман ҳам танбўр навохта истодааст, чун ўро ором намоям, ягон фикр мекунам.
Онҳо ҳарду аз бинои милиса берун шуданд. Дар фазои бекарон ситораҳо чашмак мезаданд. Лаҳзае ҳарду пеши бино таваққуф намуда, сипас ба тарафи дигари роҳ гузашта, таксиеро манъ намуданд.
– Ба тарабхонаи «Сайёд», - гуфт Абдумаҷидов.
Ронанда муҳаррикро ба кор дароварда, байни нақлиёти шаҳрӣ даромад.
– Дар ҳамин наздикиҳо имконияти истодан набуд? - пурсид муфаттиш.
– Мо ба наздикии хонаи Раънои Носир меравем. Чун аз он ҷо баромадем, сари қадам Обидаи Баҳромро хабар мегирем. Он тарафаш Худо подшост.
– Зид нестам, рафиқ майор. Акнун мо умед бар он мебандем, ки фатҳи қулла насибамон гардад.
Таксӣ баъди бист дақиқа дар рў ба рўйи тарабхонаи «Сайёд» қарор гирифт.
Баъди тановули шом дар тарабхонаи «Сайёд» Абдумаҷидов ва Бобо Самад расо соати 21.30 дақиқа дари хонаи Обидаи Баҳромро тақ - тақ заданд. Сипас тугмачаи дарро чанд маротиба пахш намуданд, вале бенатиҷа.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор