Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нони хўрдан надоштанд, вале ҳоло соҳиби ду мошини хориҷист. Ҳамаашро баъди ҳамин табаддулотҳо дарёфт. Ҳоло вай наҳанги тайёр шудагӣ, чунки пул дорад.
– Бало ба паси ҳамааш, ҳозир аз ман касе хушбахттар нест, акнун ман гадои ишқам, на гадои пул.
– Гапро дур набар. Агар мо хоҳем, дурусттараш, агар мо ҳарду аз як гиребон сар барорем, метавонем бой шавем.
– Чӣ хел?
– Сараввал қавл деҳ, ки ба ман ёрӣ медиҳӣ.
– Қасам ба ишқи мо.
– Не нашуд, дурусттар савганд хур.
– Савганд ба номи Худо.
Обида ўро аз рафти ҳодисаҳои хонаи ҳамсоя огоҳ сохта, худи ҳамон шаб онҳо нақшаи шантаж намудани Раънои Носирро кашидаанд.
– Ба фикрам, ту Раъноро чашми дидан надорӣ, - чанд моҳ пас, вақте ки аллакай Раънои Носир дар зери навои онҳо рақс мекард, пурсид Назир.
– У меня с ним особый счёт, понимаешь особый.
Назир то фаҳмид, ки он чи ҳисобу китоб аст, пой бар рўйи қонун гузошт ва баъди ҳодисаи шаби 19 ба 20 сентябр то оринҷаш худро оғўштаи хун дид.
Ҳамаи ин кам буд, ки субҳи имрўз Гулбарг ўро кўзача дар даст пеши дари хонаи дугонааш дид.
Ин субҳ баъди рафтани Гулбарг Обида низ ҷомаро чаппа пўшид. Ба ҷойи он ки ўро дилбардорӣ кунад, баръакс ба оташи дилаш равған рехт:
– Хайр дид дидан гирад. Чӣ, ман аз ҳамон беваи қоқи дарозат бадтарам?
– Чаро хомўшӣ?
– Сари суханҳои ноҷойи ту андеша дорам.
– Ҳа, акнун суханони ман ноҷо шуданд. То дирўз нони хӯрдан надоштиву имрўз бошад…
– Даматро гир ҳайвон! - худро дошта натавониста овоз баланд кард ў.
– Худат даматро гир! Фаромўш накун, ки дар милиса ҳам аз гапи мард дида, ба гапи зан бештар гўш медиҳанд…
– Шуд, шуд, акнун ман фаҳмидам, ки ту чӣ касе будаӣ.
Афсўс ки ман туро дер фаҳмидам.

пешина
аз 513
навбатӣ