Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Обида аслан аз он нафаре набуд, ки бо ишқи марди пир қаноат кунад. Боре Ёқуб Соиб ба Норак ба тўйи кадом хешовандонаш рафт ва Обида дар набудани мўйсафеди ҳамсоя, ки ҳафтае пас нияти издивоҷи расмӣ дошт, шавҳари дугонаашро даъват кард. Охир кӣ медонист, ки мӯйсафед бар- мегардаду лаҳзае пушти дари вай меистад. Ҳамин вақт Обида ба гусели шавҳари дугонааш мебарояду мўйсафедро пушти дар мебинад…
Моҳе пас Ёқуби Соиб бо Раънои Носир издивоҷ карду тарбуз аз бағали очаи Хайём (Обида аз никоҳи аввал як писарбачаи сесола дошт) афтид.
Обида умуман ба тақдир тан додан намехост. Шояд ҳамаи инро сабаб он буд, ки собиқ котиби аввали кумитаи ҳизби ноҳия Ёқуби Соиб муҳаббат ва муносибати хешро бо ҳамсоя чун ҳуҷҷатҳои комитети партиявӣ, ки ҳатто қурбе ҳам надоштанд, дар сандуқи дилаш зери ҳафт муҳри сурғучдор ниҳон дошт. Ин ба Обида имкон дод, ки бо Раънои Носир муносибати хуби ҳамсоягӣ барпо кунад. Раъно ба хонаи Обида чун ба хонаи худаш медаромад ва барои Обида низ ҳамеша дари хонаи ў кушода буд. Муҳаббати Ёқуби Соибро бо Раънохон дида, Обида дарун - дарун месўхт, вале чӣ кунад, ки замин сахт буду осмон баланд ва ишқи ў дар чашми мўйсафед олудашуда. Шояд агар Раънои Носир чунин тез сари роҳи мўйсафед пайдо намешуд, ў имкон дошт, ки дуюмбора дили мўйсафед ба даст орад, вале Раънои Носир чун борони бармаҳал, ё сели ногаҳон сари роҳи ў баромаду ҳама орзую омали ўро ба хок яксон кард.
– Назир.
– Лаббай.
– Гумон кардам, ки туро хоб бурд. Эй мардҳо чун ба мақсади хеш ноил шудед, дигар парвои зан надоред.
Назир, ки аллакай пушт ба тарафи дугонаи ҳамсараш гардонида буд, суханони Обидаро шунида, боз паҳлуи дигар гашт ва ҷавонзанро ба оғўш гирифт.
– Назир, мо метавонем бой шавем.
– Чӣ хел бой? Дар ин шароит бой шудан осон не. Акнун мо моҳичаи хурдем дар баҳри калон, ҳар замон метавонем тўъмаи наҳанге гардем.
– Ин танҳо ақидаи худат. Бовар намо, наҳанг ҳам замоне моҳии хурд будааст. Дар хонаи рў ба рў дар бинои дигар Карим ном марде зиндагӣ дорад, ки ман ўро аз хурдӣ мешиносам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор