Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ба ақидаи Бобо Самад, гўё тафтишот сабаби марги Раънои Носирро аз марги нобаҳангоми шавҳараш мебинад. Модоме ки тафтишот чунин меҳисобад, пас канӣ далел? Чаро то ҳанўз қотил дар озодӣ мегардад. Мо ҳам шири одам хўрдаем ва медонем, ки ҳамааш ҳамин хел аст, вале чун факту рақаме ба ҷуз он ки худи Раънохон бо сўзандору фишори хуни шавҳарро то ба сурайё расонида буд, надорем, чӣ ҳам метавонем гуфтан? Рафту агар гап занем, ин баробари теша ба пойи худ задан аст, чунки ман ҳамон вақт ба суханони Раъно бовар намуда, ин сирро нуҳуфта доштам, бехабар аз он ки пинҳон намудани ҷиноят ин худ ҷиноят аст ва дар қонун барои чунин ҷиноят ҷазо пешбинӣ шудааст. Модоме ки Раъно акнун дар қайди ҳаёт нест, гуноҳи бандаро дар ин ҷода дайн намудан душвор, рафту агар худи Раъно дар ин бора ба касе налақида бошад. Дили ман бошад, аз ҳама беш аз ҳамон муштарии номгум хавф мебарад. Рафту агар ўро тафтишот пеш аз ман пурсад, аҷаб нест, ки ҳамин хел ҳам шавад, бандаро ба ҷуз пинҳон намудани ҷиноят боз мувофиқи қонун барои додани нишондоди бардурўғ ҳам ба ҷавобгарӣ кашидан мумкин, ин ҷо бошад ин бузича (Шабнам дар назар аст) ҳеҷ аз валвалааш намонд, ки намонд.
Вақте ки ман аз дафтари кории муфаттиш баромадам, дар пеши дари ў ҳамон духтури хунукбашараро дидам.
Номашро ҳам фаромўш кардам, вале ўро шинохтам. Умуман, пўсти чунин шахсонро аз чармгир ҳам гузаронӣ, онҳоро шинохтан мумкин. Тайи ин се сол ў тамоман ғафс шуда рафтааст. Қади бе ин ҳам пасти ў пасттар шудаву чашмони тангаш аз чашмони бодиянишинҳои муғул тангтар. Баъди марги мўйсафед Ёқуби Соиб овозаҳо дар атрофи номи Раъно ниҳоят зиёд шуданд. Бо кадом як духтури ришвагиру ришвадеҳи қадпасти муғулчашм ишқварзӣ намудани Раънохон ҳам яке аз ҳамон овозаҳост. Ў маро шинохт ё не, намедонам, вале барои банда як нигоҳ басанда буд, ки ўро шиносам. Ҳеҷ нафаҳмидам, ки чӣ тавр ҷавонзане, чун парӣ зебо бо чунин як албастии таппа тайёр дил бастааст. Гўё дар ҳамин шаҳри калон мардҳо тухми анқо шуданду Раънохон каси дигарро наёфтааст. Ҳарчанд нисбат ба занҳо эҳтироми беандоза дорам, вале рафтори Раъноро напазируфтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор