Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Акбар Ҳакимович, шумо ба беморхонаи шаҳрӣ равед ва бо Шодӣ як суҳбати хоса анҷом диҳед.
– Агар ба ин кор духтурон рухсат диҳанд.
– Рухсат медиҳанд.
Баъди ним соат Абдумаҷидов, ба мақсади вохўрӣ бо ҷабрдида аз бинои милиса баромад...


– Дадои Парвиз!
– Лаббай.
– Имрўз дар прокуратура будӣ?
Хостам эътироз намоям, вале дигар аз эътироз ҳам суде набуд. Охир барои Шабнам барин зан шарт нест, ки аз қафоят назорат барад. Хабар худаш Шабнамро кофта меёбад.
– Дар ҳақиқат, ин субҳ дар асоси даъватномаи муфаттиши прокуратура ба он ҷо рафта будам. Бобо Самад гўё ин дафъа пӯстинро чаппа пўшида буд. Се соат ман оид ба шиносоии хеш бо Раънои Носир ба саволҳои аллакай тайёрнамудаи муфаттиш ҷавоб гуфтам. Биступанҷ соли кор дар милиса ҳамеша худро ҳокими мутлақи қонун меҳисобидам, имрўз бошад, назди ҳамон қонун худро хору залил дидам.
– Чаро?
– Чӣ гўям?
– Ман ҳамон вақт ба ту нагуфта будам, ки…
– Хайр шуд, - сухани ҳамсарро бурида гуфтам ман.
– Бубин, бо худ чӣ кардӣ?
Хостам аз ҷой бархезаму адаби ин зани шаттоҳро диҳам, вале боз ҳамон суханони «сагро дар кўчукияш ва арўсро дар таги чодар ба ҷояш шинондан лозим» – гуфтани модарамро ба ёд оварда, астағфуруллоҳ гуфтам. Ба фикрам, ба ҷуз хабари гирифта, Шабнам боз вазъияти бади маро аз рангу рўйи кандаам ҳам дониста гирифта буд. Тайи як ҳафта боз орому осудагиро аз даст додаам. Ҳамааш кам буд, ки он лаънатии зангзананда, ба куҷое гум шуда рафт. Намедонам, ў аз ман чӣ мехосту чаро ба ҷойи вохўрӣ ҳозир нашуд? Имрўз ҳам муфаттиш гоҳ аз аршу гоҳ аз фарш савол дод, вале ман ҳам аз он чи ки донистани ў шарт буд, беш сухане нагуфтам.
Гуфтам, ки дар ҳақиқат мўйсафеди дўсти қиблагоҳам дар болои дастони ман ҷон дод. Сари субҳ духтури минтақавиашон ҳам омада, ҷисми беҷони ўро дида гуфт, ки “геморогический инсулт” шудагӣ, ин ҷо бошад, муфаттиш боз ҳамон воқеаи кўҳнаро бод кардани мехоҳад.

пешина
аз 513
навбатӣ