Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Бад не, рафиқ подполковник, - аз ҷой хеста, ба таври низомӣ гузориш дод лейтенанти ҷавон.
– Некиашро надида истодаем, ба таври нимҷиддию нимшўхӣ гуфт Умаров.
– Аслан, ба саҳна омадани Қурбонов ин хизмати шахсии лейтенанти милиса Зиёев аст, - посух дод Абдумаҷидов.
– Кадом Қурбонов?
– Ҳоло каме сабр кунед, рафиқ подполковник, - гўён Абдумаҷидов баробари коғазро ба рўйи миз гузоштани Муродов онро ба тарафи Наврўз Умаров тела дод.
Сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ пас аз мутолиаи мактуб онро ба гўшаи чапи мизи кориаш гузошта гуфт:
– Офарин, рафиқ лейтенант! Ду рўз пеш мо аз рӯӣи ҳамин масъала бо Акбар Ҳакимович суҳбат доштем. Рафту агар дар ҳақиқат қотил ҳамин Қурбонов бошад, бурд бурди шумо.
– Гап дар сари он ки муҳтарам Муродов ҳам номзадии нафареро, ки собиқ ҳамсабақ ва ҳамсояи Раънои Носир будааст, ба озмун пешниҳод намуд, - гуфт Абдумаҷидов, ки мехост Зиёевро ба рафти воқеъаҳо шинос намояд.
Лейтенанти милиса чизе нагуфт. Ў ҳеҷ нафаҳмид, ки чӣ тавр Муродов сари сухани хеш устувор наистод. Шояд гумон дошт, ки ман бозёфти ў ба дигаронро хоҳам фурўхт. «Дузд гумони дуздӣ мекунаду ғар гумони ғарӣ», – аз дил гузаронд ў, вале изои муъмин ҳаром гуфту хомўширо авло донист.
–Номзадҳо ба ин «мақоми олӣ» зиёд шуда истодаанд - ку, – гуфт Наврўз Умаров.
– Хабари майор Муродов ҳам қобили қабул аст, афсўс ки ў ниҳоят дер ин хабарро рўйи «майдон» овард.
– Ман дишаб хостам ин хабарро дар маҷлиси назди муовини аввали сардор ба самъи ҳозирин расонам, вале боз андешаи дерии вақтро намудам, ки метавонист ин хабар боз соате вақти ҳамкорони муҳтарамро бигирад. Аз ҳамин рў, аз ифшо сохтани он худдорӣ намудам ва ба худ қавл додам, ки рўзи душанбе ҳатман онро ба самъи шумо расонам, - арз намуд Муродов.
– Боке нест, дер ояду шер ояд, - суханони сарнозири минтақавиро тақвият дода гуфт Наврўз Умаров.
Онҳо боз каме сари ҳамин масъала суҳбат намуда, ба қароре омаданд, ки аз ҳамин лаҳза бояд ба ҷустуҷўйи Ҷўраев Шодӣ Муддинович ва Қурбонов Ғиёс Аслович бароянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор