Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Дар марги ҷавонзан даст доштан ё надоштани ошиқи дерина то ҳанўз маълум набуд. Аз байни чордаҳ нафари дар беморхонаи шаҳрӣ кору фаъолият намуда, танҳо як нафар ғолиби озмун шуд. Рафту ғолиб дар ҳақиқат ҳамон Ғиёси ошиқи Раънои Носир мебуд, зарурияти посух гуфтан ба як қатор саволи дар рафти тафтишот ба миён омада ӯро дунболагир буд.
Муфаттиш боварии қатъӣ дошт, ки дер ё зуд Қурбонов меҳмони дафтари кории ў хоҳад гашт. Аз ҳамин лиҳоз ў парвандаро варақ зада, барои Ғиёс саволҳо тайёр мекард.
Вайро аз тафтишот роҳи гурез буд ё на, худи муфаттиш ҳам намедонист…
Зиёев баробари вориди бинои милиса шудан аз навбатдор Абдумаҷидовро пурсид.
– Лаҳзае пеш ӯ ба ошиёнаи хабар дод навбатдор.
Чун Зиёев Абдумаҷидовро дар дафтари кориаш наёфт ба дари ҳуҷраи кории Наврўз Умаров ангушт зад.
– Марҳамат дароед, баробари ўро дар санҷаи дар дидан овоз рўшан кард соҳиби ҳуҷра. Дар ҳуҷраи кории Наврўз Умаров ба ҷуз Абдумаҷидов, сарнозири минтақавӣ Муродов низ ҳузур дошт. Баробари Зиёевро дидан, таъби болидаи Муродов хира гашт.
Зиёев ба ҳамагон салом дода, ба курсии нишондодаи Наврўз Умаров амонат нишаст ва аз ҷузвдони чармини дар дасташбуда, амонати фиристодаи муфаттиши прокуратураро ба дасти Абдумаҷидов дод.
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ он номаро аз назар гузаронида, ба дасти Муродов дод.
– Ин чӣ? – пурсид сарнозири минтақавӣ.
– Боз як гумонбаршудаи дигар мисли ҳамон Ҷўраев.
Муродов аз ҷайбаш айнак гирифта, онҳоро тоза намуда, ба чашм гузошт ва ба мутолиаи он пардохт.
– Хуш корҳо чӣ хел? – ба тарафи Зиёев нигариста гуфт Наврўз Умаров.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор