Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Майлаш, боз як моҳ ба худат муҳлат, агар ба хулосае наойӣ, аз худат гила кун.
– Чӣ, маро метарсонӣ?
– Не, огоҳ мекунам.
– Огоҳие, ки шакли амрро дорад.
– Гумон насоз, ки мо мушти парем, мо занҳо ҳам ба ҳар қадами мардона қодирем.
– Медонам.
– Бисёр хуб, акнун маро рафтанам лозим.
– Шояд ками дигар сабр намоӣ.
– Не, рафтанам даркор.
Ў садои аз зинаҳо ба боло рафтани ҷавонзанро шунида, аз назди дар дур шуд…


Кирдорҳои пасипардагии ташкилкунандагони озмун ба гўши ҳамаи иштироккунандагоне, ки дар бозиҳои шонздаҳ ва ҳаштякфиналӣ ғолиб омада буданд, расид. Умуман, онҳо ба гўшаи хотир ҳам намеоварданд, ки худи ташкилкунандагони озмун бо кадом гурўҳҳои номаълуме сари мизи гуфтушунид менишинанд.
– Чорае андешидан лозим, – гуфт кадоме аз довталабон ва онҳо баъди маслиҳати на чандон тўлонӣ паси дари ваколатдори кофтукови ҷиноятиро иҷора гирифтаанд. Онҳо ҳатто имконияти яку якбора ба дафтари кории довари озмун зада даромадан доштанд, вале боз андеша намуданд.
Гуфтанд, ки шояд худи довар гунаҳкор набошад. Охир ў дар бозиҳои шонздаҳ ва ҳаштякфиналӣ худро чун шахси поквиҷдон муаррифӣ кард ва чаро акнун мо ба ў импичмент1 эълон мекардем. Беҳтар мешуд, ки бо ў дар танҳоӣ як суҳбати хоса меоростем.
-Ба фикрам, кадом худобехабаре бо роҳи ёру ошнобозӣ нияти ба мо ҳамроҳ шудан дорад.
–Худо хонаи ин порадеҳу порагирҳоро бисўзад, ки ҳеҷ дар фикри ободии ҷамъият нестанд. Бе ягон тайёрии пешакӣ мехоҳанд наздикону пайвандони хешро ғолиби озмун созанд.
– Рафту ҳамаи ин овозаҳо дурўғ бошанд-чӣ?

1 Импичмент – эълон намудани нобоварӣ.

пешина
аз 513
навбатӣ