Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Муносибатамон ҳам на чандон хуб буд.
– Вале ин сади роҳи мо нашуд – ку?
– Аслан ин ҷо мо гуноҳе ҳам надорем. Дар ин кор ба мо худи писархонди Ёқуби Соиб ёрӣ дод.
– Чӣ хел ёрӣ?
– О, вай гуноҳи Раъноро дайн кард - ку.
– Рост, вале ҳамсараш кумаки бештаре кард.
– Ҳамааш як сабаб шуд, ба фикрам, ў аз ҳамсараш мурданӣ метарсад.
– Худат чӣ?
– Ман?
– Ҳа, худат.
– Ман агар метарсидам, шабҳо ҳамроҳи худат намемондам.
– Дар як моҳ як бор, - а?
– Чиро дар назар дорӣ?
– Ман донистан мехоҳам, ки кай маро ба қайди никоҳат медарорӣ.
– Магар ҳамин зарур аст?
– Зарур аст, модоме ту аз ҳамсарат ҷудо шудан намехоҳӣ, ман ба ҳаминаш ҳам қаноат мекунам.
– Чун аз ҳамин варта халос шавем, ягон фикр мекунем.
– Ман намехоҳам, ки чун бева ба маҳкама кашандам, мехоҳам, ки дар қайди никоҳ бошам.
– Худатро ба даст бигир.
– Лаънат ба он рўзе, ки ман туро вохўрдам.
– Ман бошам он рўзро ҳеҷ аз ёд намебарорам.
– Ба ҳоли ман механдӣ, - а?
– Худатро ба даст гир. Охир дар никоҳ будану набудан чӣ фарқ дорад? Худат медонӣ, ки ман ҳамеша мафтуни ин ҳусни зебою ин ҷамоли раънои туям.
– Дар сухан? - талх карда гуфт ҷавонзан.
– Чаро дар сухан будааст? – паст наомада гуфт мард.
– Чунки амалатро намебинам.
– Ҳамааш мешавад, ман ваъда медиҳам.
– Кай?
– Боз каме тоқат кун.
– Бузак намур, ки баҳор мешавад.
– Сабр намо, бузичаи ман!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор