Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Дар бораи суҳбати хеш бо Фарангиси Қодир метавонист ба сарнозири минтақавӣ Муродов суҳбат намояд, вале Муродов на як бору ду бор хабарҳои овардаи ўро чун моли хеш истифода бурда буд ва ўро дар назди роҳбарият чун корманди ноуҳдабаро муаррифӣ мекард. Аз чӣ бошад, ки баъди суҳбат бо Фарангис Абдумаҷидовро ба ёд овард.
Шояд сабабаш он буд, ки ҳангоми ба ҷойи вохўрӣ омадани гурўҳи фаврӣ - тафтишотӣ рўзи чоршанбеи 21 сентябр, қисме аз аъзои гурўҳ, аз ҷумла муфаттиши прокуратура, ўро барои роҳ додан ба ҳодисаи худкушӣ дар надонистани вазъи криминалии минтақаи хизматиаш гунаҳкор карданӣ шуданд ва танҳо Абдумаҷидов ба ҳимояи ў бархоста гуфт, ки чунин ҳодисаҳоро на касе пешгўӣ карда метавонад ва на пешгирӣ.
Бо ҳамин як сухан он рўз майори милиса ўро пуштибон шуд ва дигар касе нисбат ба ў лом нагуфт.
Вақте ки Фарангис Абдумаҷидовро шинохт, ў ҳатто шарм дошт, ки аз дастовардҳои ҳамкасбонаш чун Фарангис барин духтаре, ки аз пойи равон маҳрум аст, хабардор асту хатмкунандаи Академияи милиса не. Ба ҳар ҳол ҳамон очеркро ёфта хондан лозим, ба худ аҳд намуд ў.
Мардумон дар кўча қисме ба тарафи шарқу қисме ба тарафи ғарб ҳаракат доштанд. Онҳо дар ин бегоҳирўзӣ ба куҷо равон буданду чӣ мехостанд, ба касе маълум набуд, мисли он ки ба онҳо низ мақсаду мароми лейтенанти милиса Зиёев маълум набуд.
Мардум ба ин ҷавони либоси низомидошта бо меҳр назар мекарданд ва баъзеҳо ҳатто бо ишораи сар салом ҳам медоданд. Шояд дар симои ў ҳимоятгари хешро медиданд ва ё шояд саҳми ўро дар оромию ободии маҳал дарк мекарданд.
Вай аз фикру андешаи мардум хабардор набуд ва мардумро низ аз сирри дили ў. Сирри ғайбро ба ҷуз Офаридгор кӣ медонад?
Баробари аз Зиёев ҷудо шудан Абдумаҷидов Фарангисро ба ёд овард. Аҷиб, ки бо ҳама ранҷурии хеш Фарангис иродаи мустаҳкам доштааст. Дар расмҳои кашидан ў чор фасли сол бо тамоми ҷузъиёташ ба қалам дода шуда буд, ки он ҳама гувоҳи дарки баланди худшиносии миллии ў буда, кас ҳатто бовар намекунад, ки рассом пойи равон надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор