Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Не. Раъноро талошҳои банда ба зиндагӣ бо ман наздик кард. Раъноро саргузашти талхаш бо ман мунис гардонд. Ў аҳволи маро дида, шояд рўзгори талхи хеш ба ёд овард. Чӣ хеле, ки гуфтам, шояд ҳамин якрангӣ, дурусттараш берангии рўзгор ситораҳои моро ба ҳам наздик овард...
Дар кушода шуду модари Фарангис бо дастархон вориди дафтари кории духтараш шуд. Фарангис аробачаашро пештар овард ва коғазҳои болои миз бигирифту баҳри дастурхон ҷой тайёр кард. Модар дастурхон густурда чой овард ва ба нею нестони мо нигоҳ накарда, нон шикаста ҳамроҳи духтарашу мо сари дастурхон нишаст…
– Шумо ба куҷо, рафиқ майор? - баробари ба сари чорроҳа омадан пурсид лейтенант Зиёев, ки аз паҳлуи Абдумаҷидов қадам мезаду нияти ба тарафи чап, ба самти пунктҳои такягоҳи тартиботи ҷамъиятии рақами 5 тоб хўрдан дошт.
– Ба идора.
– Дар ҳамин бевақтӣ?
– Касби интихоб намудаамон ҳаминро тақозо мекунад.
– Донистан мехостам, ки аз касби интихоб кардаатон розиед?
– Албатта. Агар меҳр ба касб намебуд, маро дигар ягон ҳолат дар милиса нигоҳ намедошт.
– Баъзеҳо бошанд, баръакс.
– Ба инаш ман кор надорам. Умуман, сагро касе маҷбур ба шикор бурда наметавонад. Аздусар онҳое, ки ба касби интихоб намудаашон дилгармӣ надоранд, дер ё зуд аз милиса мераванд.
– Хайр, хуш монед.
– Фардо субҳ ба идора биё, сари суҳбатҳои бо Фарангиси Қодир доштаамон нақшаю чорабиниҳои ҷустуҷўйиро тартиб медиҳем, - гўён Абдумаҷидов ба тарафи рости кўча тоб хурд.
Зиёев то аз назар пинҳон шудани Абдумаҷидов ўро ба нигоҳ гусел кард ва сипас ба тарафи чап, ба сўи пункти тартиботи такягоҳи ҷамъиятӣ равон шуд.
Суҳбати имрўзаи Абдумаҷидов бо Фарангиси Қодир барояш хотирмон гардид. Ҳангоми таҳсил дар Академияи милиса ҳама ҳолати корҳои тафтишотию ҷустуҷўиро ба қавле аз худ карда буд, вале ба хулосае омад, ки ҳеҷ гоҳ назария ба амалия дар як чаҳорчўба рост намеомадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор