Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хандида гуфт, ки ўро худат мешиносӣ ва бо ман худоҳофизӣ карда рафт.
– Номашро нагуфт?
– Не, вале модом ки ман ўро мешинохтам, ба ҷуз Ғиёс ў каси дигар нест.
– Шумо Ғиёсро мешиносед?
– Не.
– Ному насабашро ҳам намедонед?
– Не.
– Вақти дар беморхона хоб буданатон он кас ҳамон ҷо кор мекард?
– Не, онҳо тасодуфан дар беморхона шинос шуда ва чун Маҷнун оиладор ва ба сабабгори аз Салим ҷудо шудани Раъно гашта буд, шояд дар вохўриҳои баъдина ҳарду эҳтиёткориро ҳадафи буданд.
– Оё гуфта наметавонед, дар он шабе, ки Раъно аз хонаи шумо ба истиқболи муҳаббат рафт, шавҳарашро дар кадом беморхона хобонида буд.
– Ба ёд оварда натавонистам. Шояд гуфта бошад, вале дар ёдам намондааст.
– Баъди марги Ёқуби Соиб ҳам муносибати онҳо чун пештара боқӣ монда буд?
– Албатта. Ба замми ин Раъно боварии куллӣ дошт, ки Ғиёсро аз ў роҳи халосӣ нест.
– Боварӣ дошт, вале ба муродаш нарасид.
– Маҳз сари ҳамин ҳолат баъди рафтани Обидаи Баҳром ман андеша намудам.
– Шумо гуфта метавонед, ки Обидаи Баҳром дар бораи муносибатҳои маҳрамонаи Раъно ва Ғиёс хабар дошт ё не?
– Не, ман дирўз боварӣ ҳосил намудам, ки Раъно дар ин хусус ниҳоят эҳтиёткор шуда буд.
– Чӣ хел эҳтиёткор шуда будааст? Инро чӣ хел фаҳмида мумкин?
– Баъди оне, ки собиқ шавҳараш ўро ҳамроҳи Ғиёс дидааст, онҳо ҳаракати партизаниро пеша намуданд.
– Пас ҳама он овозаҳо дар атрофи марги Ёқуби Соиб аз куҷо пайдо шуданд?
– Ин усули тафаккури мантиқии мардум аст.

пешина
аз 513
навбатӣ