Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Дар бораи шиносои хеш бо Раънои Носир чанд сухан мегуфтед?
– Тахминан чор сол пеш маро дар беморхонаи шаҳрӣ хобониданд ва Раъно дар ҳамон ҷо ба ҳайси ҳамшираи шафқат фаъолият мекард. Ў аҳволи ман диду дарду алами хеш ба ёд овард. Шояд ў ба ин васила дарду ғами банда паст кардан мехост. Бечора намедонист, ки чӣ миллат асту аслу насабаш кист. Гуфт, ки Аҳрори Носир ном марди кўҳистони ўро тарбия намуда, бо Салими Нодир ном ҳамсояашон ба шавҳар додааст. Раъно, ки дар он вақт аз Салим ҷудо шуда буд, ҳатто дар вақтҳои холиаш ҳам ҳамроҳи ман буд. Ў маро бо аробача ба сайри берун мебурд ва мо соатҳо дар берун бо ҳам суҳбат мекардем. Ў ҳамон вақт рози дилашро ба ман кушода гуфт, ки сабабгори аз шавҳар ҷудо шуданаш Ғиёс ном духтур гаштааст. Ў боварӣ дошт, ки Ғиёс аз ҳамсараш ҷудо мешаваду ўро ба никоҳи хеш медарорад. Ба ман ваъда дод, ки баробари издивоҷ бо Ғиёс ба аёдати ман хоҳад омад.
Баъди аз беморхона баромадани ман ў борҳо ба ҳамин хонаи фақиронаи мо омад ва мо дар мавзуъҳои мухталиф сари суҳбат будем. Ману Раъно қариб ҳамсол будем ва шояд ҳамин ҳолат моро бештар бо ҳам мепайваст.
Чор - панҷ моҳ пас шунидам, ки Раъно бо мўйсафеде издивоҷ намудааст. Моҳе пас аз издивоҷи навбати ў худаш танҳо ба аёдати ман омад.
Пурсидам, ки домодтура канӣ?
Хандида гуфт, ки “овозаи Рустам беҳ аз Рустам.” Ҳамон лаҳза ман ба хулосае омадам, ки Раъно на ба мўйсафед, балки ба боигарии ў дил додааст. Як бегоҳ Раъно сари қадам ба аёдати ман омад ва мо то соати даҳи шаб дар ҳамин хона будем. Сипас, мошине аз берун садо дод. Мошин ҳамагӣ ду маротиба садои кўтоҳ дод ва Раъно аз ҷой бархест.
Гуфтам, дар ин нисфи шаб ба куҷо? Гуфт язнаат дар поён интизор. Пурсидам, ки лаҳзаи ба он ҷо омаданат гуфтӣ, ки язнамулло имрўз дар беморхона афтид - ку? Гуфт ҳамааш рост ва акнун духтури табобатиаш ба ў дар беморхона хоби хуш орзу намуда омадааст, ки имшаб дили завҷаи беморро даво созад. Пурсидам, ки он малҳами дили завҷаи бемор кист?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор