Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ман ба ў асли воқеаро нақл намудам ва вай эътироз кард. Маҷбур шудам «бозёфтҳои» хешро ба ў нишон диҳам.
Хост ампуларо ба даст гирад, вале ман ба ин кор монеъ шудам. Гуфтам, ки нақши ангуштони қотил дар ампула баръало намудор аст. Дидам рангу рўйи завҷаи дўсти қиблагоҳам канд. Чун дар ошхона ба ҷуз ману вай каси дигар набуд, бо ёрии банда ў ба курсӣ нишаст. Ман ба ў об додам.
Лаҳзае пас ў ба худ омад ва хост аз ахлотқуттии таги мизи ошхона он сўзану ампула дарёбад. Ман садди роҳи ў нашудам. Чун ў аз ахлотқуттӣ чизе наёфт, гуфт:
– Собир - ако, наход шумо ба ман бовар накунед? О, ман чаро ба хуни ҳамсари худ зомин мешудам? Қуттии дибазолро ман аз дорухона гирифта будам, тахминан даҳ рўз пеш.
Ҳамон рўз яктояшро ба худораҳматӣ гузаронидам. Ду рўз пас боз фишори хунаш баланд шуд, боз 0,5мл онро гузаронидам ва боқимондаашро дар яхдон мондам. Дишаб, вақте ки фишори хунаш баланд шуд, боз як донаи дигар аз ҳамон қуттӣ гирифта, ба ў гузаронидам. Агар бовар накунед, яхдонро кушода бинед, ҳамон ампулаи нисф буда онҷост.
– Беҳтар мешуд, ки худатон онро мегирифтед, – гуфтам ман ва Раъно аз ҷой бархосту назди яхдони “Помир 7” рафта, онро кушод, вале он ампулаи холиро наёфт.
Ман ба ў саргузашти охирини мўйсафедро, ки он ампулаи холӣ барои ташхис назди банда оварда буд, нақл кардам ва гуфтам, ки дар ҳаракатҳои ў куштори қасдона дида мешавад.
Раъно маро ҳамроҳ то ба меҳмонхона бурд ва он қуттии коғазинро, ки дар болояш «Дибазол» навишта шуда буд, аз ҷевон бигирифт ва мо боз ҳарду ба ошхона омадем. Дар қуттӣ ҳамагӣ се ампула намерасид. Ҳафт ампулаи боқимонда ҳама дибазол буданд.
– Пас чаро ба милиса хабар надодӣ? – пурсид сарлашкар.
– Албатта, ман мехостам ба милиса хабар диҳам, вале ба Раънои Носир раҳмам омад. Охир ў ин корро қасдан не, балки тасодуфан аз беэҳтиётӣ, аниқтараш аз хунукназарӣ содир намуда буд ва ба гумон буд, ки милиса мўйро аз хамир ҷудо намояд.

пешина
аз 513
навбатӣ