Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чаро ба даҳон об гирифтӣ? Ё сарлашкар интизор шуда меистад, ки кай худатро хуши гап задан меояд?
– Хатои якуми ман ҳамин ки суханони Раънои Носирро, ки гўё Ёқуби Соиб дар болои дастони ман ҷон дода бошад, рад накардам.
– Яъне, ҳамфикрии хешро бо қотил иброз доштед, ҳамин хел? - пурсид ҳамон шиносам, ки аз рўи ў шуда, банда аллакай як мушти обдор ба баногўшам хӯрда будам.
“Дарахтро аз дохили худаш кирм мехўрад ва агар ҳамин хоини нобакор намешуд, инҳо аз куҷо медонистанд, ки ҳодиса чӣ хел рух дода буд? Мансабталаб, кӣ буду, ба мақсад нарасид, ба тарафи душман гузашт. Не, ўро барои камомад дар анборҳои дивизия ба маҳкама кашиданӣ буданд ва чун фурсати муносиб ёфт, ба тарафи онҳо гузашт,” - нидо омад аз қалбам, вале аз тарси он ки дуюмбора мушт нахўрам, овоз рўшан кардам:
– Ҳамин хел.
– Хатои дуюмат чӣ? Муфассалтар гап зан. Ман аллакай ба ҷанобашон (хоин сарлашкарро нишон дод) гап задам, вале инҳо бовар накарданд.
Чун маро роҳи дигар набуд, он саргузашти талхро, ки имрўз бандаро сарсону саргардон намуда буд, ба ёд овардам.
Баъди дарёфти сўзани истифодашуда ва ампулаи холии «Адреналин» ман аз ошхона берун шудам ва соҳибхонаро, ки дар байни «мутрибаҳои созию овозӣ» гули сари сабад буд, бо баҳонае ба берун таклиф намудам. Раънои Носир нақороти суруди хешро дар ҳамовозӣ бо ансамбл ба итмом расонда, ашки дар бари рухсор ҷоришудаашро бо нўги остинаш гирифту аз онҷо берун омад. Ман ба тарафи ошхона рафтам ва ў низ аз дунболам ба он ҷо омад.
– Чӣ мегуфтед, Собир – ако?– пурсид ў.
Ман пурсидам, ки ба мўйсафед чӣ хел сўзандору гузаронидед? Гуфт, ки 2,0 мл дибазол.
Ман пурсидам, ки ампулаи холӣ ва сўзани истифодабурдашуда дар куҷоянд?
– Дар ҳамин ҷо, дар қуттии ахлотҳо партофтам, чӣ буд? – пурсид ў.

пешина
аз 513
навбатӣ