Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамид Ҷовид ба суханронии Сорбони Ҳомид мароқи беандоза дошт, чунки капитани милитса дар лаҳзаҳои фориғ ҳамеша китобе дар даст дошт. Ҳамид Ҷовидро ҳам ду шуғле буд: яке болои кроссвордҳо ва дигаре сари тахтаи шатранҷ майна об кардан. Ҳарчанд ў чун Сорбони Ҳомид китоби зиёде нахондаст, вале дар ин самт пиёда набуд. Ў ба қадри имкон аз адабиёти бадеии ҷаҳон, аз ҷумла аз адабиёти бадеии моҷароӣ огоҳӣ дошт ва қаламкашонро аз қабили Ҷемс Хедли Чейз, Жорж Сименон, Агата Кристи нигини адабиёт меҳисобид. Ў дар симои Пуаро, Мегрэ, хонум Марпл ҳамеша ҳамзабону ҳаммиллатони хеш меҷўст ва тайи бисту се соли кор дар милитса даҳҳо нафарро ба чунин нақш пешбарӣ карда метавонист ва агар ў қаламкаш мешуд, маҳз нақши марказии асарро ба мусоҳиби имрўзааш, ки ба ҷуз дониши мукаммал боз аз тамоми фазилатҳои инсонӣ бархӯрдор буд, медод…
Занги телефон садо доду Ҳамид Ҷовид ба сари мизи кориаш гузашта гўшакро бардошт. Ў мусоҳибашро хеле гўш карда, ниҳоят гуфт:
– Ваъда намедиҳам… Ихтиёр шуморост…ва гўшакро ба ҷояш гузошта, ба тарафи мусоҳибаш гашта пурсид: – Фикри шуморо дар бораи тамаъҷўӣ фаҳмидан мехостам.
Сорбони Ҳомид ба хулосае омад, ки саволи ҳозираи сардори ШКД ба занги телефони алоқаи бевосита дорад, бинобар ин рўйирост гуфт:
– Ман нисбат ба порадеҳу порагир як хел нафрат дорам.
Нафратам нисбат ба порагир он аст, ки ў ҳеҷ гоҳ ба нафси хеш ғолиб намеояд ва нисбат ба порадеҳ он аст, ки бо амали ноҷойи хеш иштиҳои порагирро қозгир мекунад…
– Магар ҳамин чизро дар боло намефаҳманд?
– Сухани тамаъҷўёнро аз лаҳзаи аввал рад кардан лозим, то мор ба аждаҳо мубаддал нашавад.
Ҳамид Ҷовид чизе нагуфт, ў ҳамон хел хомўш назди тиреза рафт. Дар ҳақиқат Сорбони Ҳомид низ чун худи ў андешаронӣ мекард ва аз он ки ў имрўз сухани сардори нави раёсати вилоятиро рад кард, ҳатто хурсанд шуд. Бигузор ўро бад бинад, дар назди вазиру муовинонаш бадгўӣ намояд ва дар охир барои аз кор сабукдуш карданаш чораҷўӣ кунад.

пешина
аз 513
навбатӣ