Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Чаро?
– Ба харбузаи каҷак онҳоеро ташбеҳ медиҳанд, ки саводи қазоӣ надоранд.
– Шоҳмот, - боз суханашро оҳиста такрор кард Сорбони Ҳомид.
– Мебинам ва ҳамааш ба гуноҳи ман шуд, ки шоҳро ҳимоя карда натавонистам. Дарвоқеъ гўед, ки назари шумо ба мансаби шоҳӣ чӣ хел аст?
– Русҳо мегўянд, ки «лучше там, где меня нет». Мансаби шоҳӣ масъулият аст. Масъулияти як халқ ва миллатҳои гуногуни як сарзамин, ки бори онро бо ҳама бешу камаш ба душ гирифтаи.
– Ман ҳайронам, ки чаро Солеҳ Ҷалил бо падараш муносибати сард дошта, ҳамсару фарзандашро ба гўшаи фаромўшӣ додааст ва вой бар ҳоли миллате, ки чун Солеҳ Ҷалил сарваре дошта бошад.
– Чун Солеҳ Ҷалил баринҳо ҳеҷ гоҳ сарвари миллате нахоҳанд шуд, чунки миллат ҳамеша нисбати тақдири хеш бояд боандеша бошад.
Акнун моро лозим меояд, ки як бор дафтари зиндагиномаи ин Дон - Жуан варақ бизанем, ҳарчанд ўро дар қатори шахсиятҳои бузурги дунё баробар кардан хатост.
– Милиса бархилофи дигар институтҳои тадқиқотӣ ҳамеша дар омўзиши сарнавишти фардҳои манфист, ҳарчанд мо то ба имрўз ҳуқуқи чунин суханрониҳо ҳам надорем, зеро новобаста аз он ки Дон - Жуан тайи се соли охир дар ҷустуҷў будааст, вале ў дар айни ҳол барои мо ҳамчун ҷабрдида мемонад ва мо бояд ба сарнавишти ў аз рўйи ҳақиқат баҳо диҳем.
– Мо бояд аз ҳама каму беши зиндагӣ сабақ гирем. Солеҳ Ҷалил дар назари мо ҳамчун шахси дар ҷустуҷў буда қарор дорад, вале баҳри падари мўйсафедаш бо ҳама он гуноҳу хаттояш ҳамчун фарзанд мемонад. Танҳо омўзиши дақиқ ҳақиқатро рўйи об мебарорад ва мо бояд муайян созем, ки чи тавр ва ба кадом мақсад Солеҳ Ҷалил соати дуву бисту панҷ дақиқаи шаби бисту дуюми август дар мавзеи Хушкакдара пайдо шудааст.
– Барои ҳар хонанда омўзиши рўзгори Фирдавсии Тўсӣ, Темурмалик, Деваштич, Восеъ хуш аст, чунки рўзгори эшон саропо панд аст, вале ба гумон аст, ки хонанда ба зиндагиномаи Маҳмуди Ғазнавӣ, Гитлер, Чингизхон ва Темурланг мароқе зоҳир кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё