Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Прокурори шаҳр аз натиҷаи кори мо розӣ нест.
– Мефаҳмам.
– Фаҳмидан ин ҳанўз кам аст. Масъулияти бештареро ҳис кардан лозим. Дар асоси талабботи моддаи 45 КМҶ ҶТ ба мақомоти милиса супоришҳои алоҳида фиристодан лозим.
Гапро дар ягон ҷо дўхта намешавад, вале коғаз, агар он бошад, ҳамеша дастгири мо хоҳад шуд.
– Милиса ҳам шабу рўз аз пайи иҷрои супоришҳои мост, пас чӣ тавр метавон боз супоришҳои хаттӣ нависем?
– Ана, ҳамин аст хатои шумо. Ҳар он чӣ ки милиса аз рўйи супоришҳои даҳонӣ иҷро мекунад, ин моли худи ў ҳисоб мешавад. Чун аз боло биёянду коғазҳоро варақ зананд, мебинанд, ки худи прокуратура дар кушодани ҷиноятҳо ягон ҳиссае нагузоштааст, чунки коғаз нест. Онҳо фикр намекунанд, ки муфаттиш супориши даҳонӣ додаасту милиса супориши вайро иҷро намудааст.
– Муҳимаш, ки натиҷаи кор бошад, супориш хаттист ва ё даҳонӣ, фарқе надорад. Ба замми ин, Воҳид Камол ҳамеша дар робита бо мо қарор дорад.
Бобо Самад ин суханро бигуфту ҳамоно пушаймон шуд, чунки вақтҳои охир муносибати назоратчии қонун бо сардори милиса ниҳоят сард буд.
– Воҳид Камол гуфта мешинед. Дар ин ҷо прокуратура хӯҷаини мутлақ аст. Милиса бояд фаҳмад, ки прокурор кист ва ба чӣ кор қодир аст.
– Онҳо инро нағз мефаҳманд. Ман боре ҳам надидаам, ки милиса суханони моро дар замин монда бошад.
Самадов ҳамин сухан бигуфту ба ёд овард, ки имрўз Абдумаҷидовро ба прокуратура даъват намуда буд, не аниқтар аз навбатдори милиса хоҳиш карда буд, ки ба Абдумаҷидов занг занад, вале ў тамоми рўз дар идора буду ба Абдумаҷидов занг назад. Акнун ў намедонист, ки майори милиса Абдумаҷидов супориши дирўзаи вайро иҷро кардааст ё не. Не, дар ин бора ў сухане ба забон наовард.
Онҳо боз чанде сари масъалаҳои дигар баҳсу мунозира намуданд ва ба суҳбат нуқта гузоштанд…
*** Замоне Шабнам дар ошхона ҷунбуҷӯл дошт, аҷнабиён ба қисми низомии дар тарафи шарқ маскангирифтаи армияи ғолиб шабохун заданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор