Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Тирезаро кушод. Баъди борон ба машом бўи тоза мерасид ва нафас гирифтан ҳам хуш буд. Прокурор лаҳзае пеши тиреза рост истод. Аз он чангу ғубори рўзҳои пешин нишонае намонда буд. Умуман, табиат ҳам таровати нав гирифта буд.
Вай суханони ронандаашро дар бораи аз кор рафтан ба ёд овард. Ҳамагӣ ду моҳ пеш ба кор омадаву аллакай кор ба ҷонаш задааст. Аслан, нахост ронандаро хафа намояд вагарна ҳамон лаҳза мақоли хеле маъмул ба ёдаш омада буд.
Мардумон беҳуда нагуфтаанд, ки «саг бошу мақоми як дар бош». Не, ин суханонро ў гуфта натавонист, астағфуриоллоҳ гуфт.
Бобо Самад рухсат пурсида, вориди дафтари корӣ шуд ва прокурор ҳам дилу бедилон аз пеши тиреза ба сари миз баргашт. Коғазҳои лаҳзае пеш гузоштаашро ба тартиб оварда истода, мақсади даъваташро ба прокуратураи шаҳрӣ баён намуд. Ҳамаи он чӣ ки прокуратураи боло аз ў талаб дорад, ба самъи муфаттиш расонд ва танҳо як чизро пинҳон кард, нагуфт, ки ман дирўз фикри худатро дар бораи аз куҷо реша гирифтани ҷиноят ба Камолов гуфтам ва он кас ҳамон фикрро аз номи хеш ба шеф гуфтааст. Шеф бошад, бо обу ранги тоза онро аз нав ба гўши мо расонд. Дар ҳамин лаҳа ў филми бадеии «Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор» – ро ба ёд овард, ки чӣ тавр Штирлец гоҳ - гоҳ бо назари дурбинона фикри хешро ба Шеленберг иброз мекард ва боварӣ дошт, ки рўзе мерасаду Шеленберг ба фикри ў кабои тозае пўшонда, аз номи худ онро ба зердасташ мегўяд. Мисли он ки ҳанўз соли 1942 Штирлец фикри худро ҳамчун физик дар бораи Рунге баён намуду соли 1944 Шеленберг Рунгеро ба ёд оварда, аз Штирлец мадад хост…
– Прокурори шаҳр ақидаи шуморо дар бораи он ки марги Раънои Носир аз замони издивоҷаш бо Ёқуби Соиб реша мегирад, пазируфт ва мепурсам, ки сари ҳамин масъала андеша намоед, - гуфт Замиров.
– То дирўз мо сари назарияи ба худкушӣ даст доштани Раънои Носир кор кардем ва чун хулосаи ташхиси тиббӣ – судӣ назарияи аввалаи моро 360 дараҷа тоб дод, акнун ҳама ҳолатҳои корро дар зери кунҷи нав назора карданамон лозим меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор