Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

«Беҳтарин хотироти давраи ҷавониат ин ҳамон хотиротест, ки ҳамроҳи бобоят баҳри овардани лахча1 ба ҷангали Регак рафта будӣ», нуқтаву тиреҳоро ба ҳам пайваст намуда, ҷумлаеро, бо чунин мазмун хонд ў.
Чун аз алифбои Морзе огоҳӣ дошт, бо ангушт ба шишаи тиреза баҳри борон номае ирсол кард. Аслан ў аз борон аз он раҳмати илоҳӣ шаҷараи хеш пурсон шуд. Ҳатто ба гўшаи хотир ҳам наовард, ки ба номаи хеш ҳамоно ҷавоб мегирад.
Ҳанўз омодаи қабули номаи ҷавобӣ нашуда, коғазу қалам ба даст нагирифта буд, ки борон бо амри илоҳӣ аз оғози он рози ниҳон мужда дод. Ў баҳри сабти ин хушхабар коғазу қалам ба даст гирифта, чун алоқачӣ ба қабули он рози ниҳон пардохт.
То коғазу қалам ба даст гирифтанаш ному насаби чанде аз гузаштагони авлоди падариаш аз монитори хотироти борон гузашта рафт... Давоми матнро, ки аслан аз нуқтаву тиреҳо иборат буданд, болои варақ сабт намуд:
… Домулло Рашид, фарзандонаш Ғафур ва Ҳамид; Ғафур, фарзандонаш Карим ва Маҳмад; Ҳамид, фарзандонаш Ҳомид ва Кабир; Карим, фарзандонаш Абдураҳим, Мирзо, Раҷаб ва Давлатвӣ; Маҳмад, фарзандаш Аҳмад;
Ҳомид, фарзандаш Азиз;
Аз Кабир ворисе нест.
Аслан ў аз нутфаи мулло Ҳамид буд. Аз рўйи нақли мўйсафедони деҳ, ки онҳо ин нақлро аз забони гузаштагонашон шунидаанд, авлоди падарии ў тахминан панҷсад сол пеш аз ҳади Кан, деҳаи Рубот ба Сағирдашт кўчида омада, дар мавзеи чашмаи Қалъаи Болои Сағирдашт баҳри хеш манзил сохтаанд. Худи чашма дар дохили қалъаи сохтаи домулло Рашид будааст. Дар дохили қалъа домулло Рашид мактаби калони динӣ сохта, фарзандони ҳамдеҳагонашро аз алифбои арабӣ ва дини мубини ислом дарс медодааст. Турбати эшон дар мазори Ҳоҷаи Сабзпўш, воқеъ дар деҳаи Кулумбаи Боло ба хок супурда шудааст.
1 Лахча – чуби нимсўхта.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор