Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ҳамин гуна талоши ба ҳам пайвастани садоҳоро ў чандин сол пеш шабона, вақте ки болои ҳамин мизи корӣ бистарашро густурда хобиданӣ шуд, шунида буд. Дар он шаби борон барои як ангуштарине, ки нигинаш аз алмос буд, нафаре тавассути дасти дигаре қасди ҷони Замира Аскаровна ном зан намуда, барои ба худ алибии раднашаванда тайёр намуда ба Маскав парвоз кард. Вале чун рўзу соаташ омад, на он алибии боэътимод ва на дар авҷи осмон дар ҳузури Гулнораи Баракатулло (стюардессаро чунин ному насаб буд) будан, дасташ нагирифт. Марде, ки мехост мўйсафеди дигареро ба вартаи гумонҳо партояд, бо амри илоҳӣ худ ба чоҳи кандааш афтид.2 Ниҳоди одамизод он қадар мураккаб аст, ки асрори он чун асрори коинот ҳанўз ба омӯзиш ниёз дорад. Садоҳо низ шояд ҳамин хел бошанд, вагарна чӣ тавр метавонист астронавти америкоӣ, ки дар моҳ қадам ниҳода буд, боре ҳангоми зиёрати яке аз давлатҳои исломӣ аз баландгўяк овози азонро шунида, дубора худро дар моҳ тассавур намояд.
Астронавт иброз намудааст, ки ҳамин гуна овозро (азон дар назар аст) дар моҳ шунида буд. Маҳз ҳамин ҳ шудаву ў исломро пазируфтааст.
Борон, ки бо тамоми шиддат ба тиреза ангушт мезаду ангушт, қувваи сеюмро мемонд, ки баҳри ба эътидол овардани вазъи сиёсии ду тарафи дар сангар буда монеа мешуд. Абдумаҷидов ба ёд овард, ки ВАО даригирҳои сиёсии кишварро дар нимаи аввали солҳои навадуми асри гузашта ба гардани қувваи сеюм, ки аз нооромии кишвар манфиатдор буданд, бор кардан мехостанд.
Қатраҳои боронӣ шиддат гирифта, бо шамол омехта шуда, гоҳ ба паҳлуи рост ва гоҳ ба паҳлуи чапи тиреза зада, садои алифбои Морзеро ба ёд меовард ва хондани сатрҳои
1 Шеър аз Бозор Собир.
2 Нигар ба қиссаи Шарифбек Азизӣ, - “Дурахши алмос.” пайдошударо, ки аз нуқтаву тиреҳо иборат буд, ба донишу тафаккури алоқачӣ ҳавола мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор