Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

даромада, се соат набаромад. Ташвиш шудам, даромада бинам болои кат хоб аст. Ба фикрам, хоб набуд. Ба ҳар ҳол ман ўро бедор намуда хоҳиш кардам, ки берун баромада ҳамроҳи ҷўраҳояш каме бозӣ кунад. Шаҳбачаатро бошад, нав хобаш бурд, беҳтар мебуд, ки ўро бедор намекардӣ.
– Ман ҳамин хел нўг – нўги по.
– Хайр, бубин.
Ман нўг – нўги по вориди хонаи хоб шудам ва ба симои Абдумаҷид назар кардам.
Ў масти хоб буд, на парвои ман дошту на парвои модар.
Ҳамон лаҳза дар хобаш табассум кард. Бибиам мегуфт, ки вақте ки кўдак дар хоб табассум мекунад, ў хоб мебинад, ки падару модараш мурдаанд ва нобоварии хешро нисбат ба ин хабари нохуш бо табассуме ба Худованди олам мефиристад.
Шояд Абдумаҷид ҳам чунин хоб медид. Агар чунин буд, ў аз Худованд раҳму шафқат мехост. Чӣ табассуми зебоест, табассуми кўдак.
Ман ҳамон хел нўг – нўги по пас гаштам. Дар сари дастурхон ҳам чизе аз гулўям нагузашт, ҳарчанд нисфирўзӣ луқмае ба даҳон набурда будам, дилам сиёҳ буд. Гумон кардам, ки ҳамагӣ панҷ дақиқа пеш як коса равғани гўсфандро ба гулў рехтаам.
– Дигаронро ба сабурӣ даъват мекунӣ, вале худат…
Ба хотири он ки дарду алами Наталя Василевнаро зиёд накунам, дилу бедилон нон шикастам ва косаи таомро хўрдам. Ҳамсарам каме осуда шуд, ки боз пурсид:
-Ба ростӣ аз ман хафа нестӣ?
Маҷбур шудам, ки боз ҳамон суханони гуфтаамро дигарбора такрор намоям. Дар ин вақт Далер аз бозӣ баргашту мо муҳри хомўшӣ ба лаб задем. Ман аз хондани ў пурсон шудам. Дар бораи классикони адабиётамон бо ў хеле баҳс намудам. Наталя Василевна мо ду мардро сари баҳси хеш монда, ба назди Абдумаҷид рафт.
Тамоми шаб мижа таҳ накардам ва сари бемории гемофилия, аниқтараш гемофилияи А андеша намудам, вале заминро сахт дидаму осмонро баланд ва худаму ҳамсарамро назди тақдири Худованд оҷизу нотавон.
Шикасти шишаи дилро магӯ, садое нест, Ки ин садо ба қиёмат баланд хоҳад шуд.

пешина
аз 513
навбатӣ