Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Худоё, ҳоли писараки ман чӣ мешуда бошад? – бо овози ларзон канда - канда гуфт бонуи хона.
– Тани ую тақдири Худо.
– Ҳамааш аз рўйи ман шуд, мефаҳмӣ.
– Ту чӣ гуноҳ дорӣ?
– Нигина Раҳматовна гуфт, ки барандаи чунин беморӣ танҳо модаронанд.
– Кадом Нигина Раҳматова?
– Вақте ки ин субҳ баъди ба кор рафтанат ман ба дармонгоҳи худамон рафтам, духтури бачагона ба ман тавсия дод, ки ўро ба бинои 11 – уми Қарияи Боло барам. Дигар чӣ кор ҳам мекардам ва ману Абдумаҷид ба он ҷо рафтем.
Матлаби маро шунида духтари дарбон моро ба назди Давлатова ном духтур бурд. Номаш Нигина будааст. Ҳамон кас Абдумаҷидро муоина карда гуфт, ки писарбача гирифтори касалии гемофилия аст ва ин касалӣ хусусияти ирсӣ дорад.
Яъне, хунаш чун хуни дигарон қобилияти шахшавӣ надорад.
Аз нўги ангушти Абдумаҷид хун гирифтанд ва танҳо баъди понздаҳ дақиқа хун шах шуд. Мефаҳмӣ, ин чӣ маъно дорад?
– Ҳа, кам – кам.
– Аҳволи бади маро дида Нигина Раҳматовна то андозае бандаро ором карда гуфт, ки аз рӯйи ҳисобҳои СУТ1 таваллуди чунин кӯдакон ба сари ҳар даҳ ҳазор тифл як нафар аст, ҳарчанд баъзеи онҳо то навад сол ҳам умр дидаанд.
– Мо баҳри Абдумаҷид аз даргоҳи Яздони пок умри дароз металабем.
– Пас ту гуноҳи маро бахшидӣ?
– Ту гуноҳе надорӣ, ҳарчи ба сари мо омадааст, ин аз сарнавишт ва тақдири Худованд беш нест. Беҳуда худатро азоб надеҳ, акнун ман даромада, як шаҳбачаамро бубинам.
Исто, ки Далер дар куҷост?
– Ба ростӣ, ман дарду доғи хешро баъди аз Қарияи Боло омадан бо Далерҷон тақсим намудам. Аз шунидани аҳволи дили модар бачаи бечора рангу рўяш канд. Намедонам, ман ин хабари нохушро чаро ба ў гуфтам ва ўро низ ба азоби хеш гирифтор кардам. Баъди шунидани ин ҳодиса ў ба хона

1 СУТ – Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ.

пешина
аз 513
навбатӣ