Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Корҳои ҷустуҷўӣ ва тафтишотӣ ҳам якдилиро мепазиранд.
– Ҳисоб намоед, ки тафтишот бо шумо ҳамақида аст.
– Бисёр хуб.
Абдумаҷидов боз чизе гуфтан мехост, вале занги телефон садо доду ў хомўш шуд.
Муфаттиши прокуратура гўшакро бардошта, худро муаррифӣ кард ва лаҳзае пас гўшакро ба Абдумаҷидов дод.
– Майори милиса Абдумаҷидов.
– Рафиқ майор, ним соат боз Воҳид Камол шуморо меҷўяд, тезтар ба идора биёед, - хабар дод ёрдамчии навбатдор сержанти милитса Раҳимов.
– Ба фикрам, сар шуд, – баробари гўшакро болои телефон гузоштан гуфт ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ.
– Чӣ сар шуд? – чизеро нафаҳмида пурсид муфаттиши прокуратура.
– Гумон мекунам, ки шефат аллакай «хушхабар» - ро ба гўши Воҳид Камол расондааст ва ў ним соат боз маро кофта гаштааст.
– Шояд ягон кори дигар баромадааст?
– Намедонам, – гўён Абдумаҷидов аз ҷой бархост. Бобо Самад ўро то беруни бино гусел кард.
Абдумаҷидов ба самти муқобили роҳ гузошта таксиеро боз дошт…


Баробари вориди қабулгоҳ шудан, котиба, ки сари компютер машғули кор буд, бо ишораи сар ўро барои ба назди сардори ШКД даромадан ҳидоят намуд.
Воҳид Камол ҳамроҳи сардори бахши кофтуковии ҷиноятӣ сари кадом масъалае баҳс доштанд ва баробари дидани Абдумаҷидов лаҳзае муҳри хомўшӣ ба лаб заданд.
– Мумкин - мӣ? - аз санҷаи дар гулӯ рўшан намуд ў.
– Марҳамат, рафиқ майор, гузашта шинед, - курсиро дар рў ба рўйи Наврўз Умаров нишон дод сардори милиса ва чун Абдумаҷидов ба курсӣ нишаст, ҳамоно ба сари мақсад омад.
– Дар ин ҷо мо ҳамроҳи Наврўз Умарович сари масъалаи марги Раънои Носир суҳбат дорем.
Абдумаҷидов ҳайрон шуд, ки аллакай ин шумхабарро кӣ ба гўши сардори ШКД расонидааст ва хост дар ин бора аз

пешина
аз 513
навбатӣ