Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Ин ба гуфтан осон.
– Набошад ба прокуратураи генералӣ рафта, эътироз намо, ки собиқ сардори ШКД – и ноҳияи Гулистонро нодуруст ҳабс намудаанд.
...
– Ё ба бегуноҳии собиқ сардоратон боварӣ надоред?
– Аҷиб, ки чӣ тавр қотил доғи хунро дар куртаи сайдаш монда бошад? – мавзуйи суҳбатро ба дигар маҷро бурданӣ шуда пурсид Абдумаҷидов.
– Чунки ў худ доғро надидааст. Охир Раънои Носир дар тан пироҳани сурхи ҷигарӣ дошт. Дар пероҳани сурх бошад дидани доғи хун ғайри имкон аст.
Абдумаҷидов худаш ҳам ҳамин чизро нағз мефаҳмид, вале хурсанд шуд, ки мавзуи суҳбати онҳо боз маҷрои аслии хешро гирифт. Ба ҳар ҳол баҳри мустаҳакам кардани суҳбат гуфт:
– Резус ва гурўҳи хуни дар пероҳани мақтул монда ҳам ба фикрам нодиранд?
– Шояд, вале ба гумон аст, ки чунин ҳолат ҳам дараҷаи корҳои ҷустуҷўйиро сабук намоянд.
– Ба осонӣ ин кор ба мо даст нахоҳад дод, лекин маҳз ҳамин нодирии резус ва гурўҳи хун қадаме моро ба марра наздиктар хоҳад кард.
– Агар дар ҳақиқат доғи хунро дар пероҳани мақтул сайёд гузошта бошад, онро ба ҷуз «ёрии» эшон ба тафтишот дигар хел гуфтан нашояд.
– Ёфтани доғи хуни бегона дар пероҳани мақтул ҳанўз нишонаи гунаҳкории шахс нест.
– Баҳс намекунам. Ёфтани шахсе, ки хуни хешро дар пероҳани бегона гузоштааст, ба зиммаи мост. Шарҳи ин ҳолро ба ҷуз ў боз кӣ медонад?
– Дар ҳама давру замон суханро аз забони Луқмон мепазиранд, вале ёфтани Луқмонро гўй.
– Муҳим он аст, ки мо аз кадом пайраҳа ба «истиқболи» ў мебароем.
– Сари чорраҳае қарор дорем, ки ба кадом самт рафтанамонро намедонем.
– Ман - ку камтар, вале шумо, рафиқ майор, борҳо дар сари чунин чорроҳа будед ва умед бар он мебандем, ки ин дафъа ҳам...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор