Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– То шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад.
– Яъне, бовар кардед?
– Ҳа.
– Модоме ки чунин аст, пас чаро чораҳои иловагӣ наандешидед?
– Ман гумон кардам, ки ӯ ҷазояшро аз худи Офаридагор гирифт.
– Ҳама неку баде, ки ба сари инсон меояд, ин ба амри Оллоҳ таъолост ва касеро аз сарнавишт ҷойи гурез нест.
– Чӣ сарнавишти талхе.
– Баҳс намекунам, зеро мо луъбатаконему фалак луъбатабоз.
– Ҳарчанд содиршавии ҷиноят аён аст, вале мақсади ба чунин ҷинояти мудҳиш даст задании қотилро нафаҳмидам.
– Чун ғалбер аз об бардорем, ҳамааш маълум хоҳад шуд.
– Бардоштани ғалберро гўй.
– Моро роҳи дигаре нест, ё ғалберро мебардорем, ё ҷинояти мазкур моро як умр дунболагир мешавад.
– Бале, бале. Соате пештар шеф маро ба наздаш хонд ва чун ўро бо натиҷаи ташхиси тиббӣ шинос намудам, қариб…
– Чаро суханатро буридӣ?
– Чӣ гўям? Он тарафаш маълум - ку.
– Гўй, ки қариб девона шуда буд.
– Садқаи аҳли фаҳм шавам. Худаш ҳам ҳамин хел буд.
– Онҳо танҳо фармон доданро медонанд, гумон доранд, ки қотил шахси гӯлу гумроҳест, бехабар аз он ки баъзеҳояшон то лаби чашма ташна бурда ташна меорадат.
– Дузд ҳам Худо мегўяду соҳиби гов ҳам.
– Қонуни зиндагӣ худ ҳамин аст, вале аксари роҳбарон ҳамин нуқтаи назарро инкор кардан мехоҳанд.
– Шефи шумо ин хабарро шунида бошад?
– Намедонам.
– Аҷаб, ки Замиров ўро огоҳ накардааст.
– Кӣ медонад?
– Акнун тайёриатонро бинед.
– Чӣ хел тайёрӣ?
– Тайёрӣ барои гирифтани «мукофот».
– Воҳид Камол марди пухта аст ва ў ҳеҷ гоҳ баҳри шӯҳрат шуда сиёҳро сафед нагуфтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор