Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Не, шояд дигар кас ҳам мешуд, аз ин беш қадаме ба пеш намегузошт.
Ҳамаи инро сабаб он буд, ки баъди занги телефонӣ ба ҷойи ҳодиса на гуруҳи фаврӣ - тафтишотӣ, балки нозири минтақавӣ лейтенанти милитса Зиёевро, ки ҳамаги моҳе пештар баъди хатми академияи милиса ба кор омада буд, фиристоданд.
Ҳарчанд Обидаи Баҳром ва намояндаи хоҷагии манзилии коммуналӣ бо боварии том исбот намуданд, ки калид дар қулф буд ва ҳангоми шикастани дар аз дохили қулф афтид, тафтишот, ки дар ҳайати хеш ташхисгар - криминалист дошт, ҳолати аввалаи калидро муайян накарданду ба хулосае омаданд, ки модоме дар аз қисми дарун маҳкам карда шудаасту хона дар ошёнаи сеюм воқеъ аст, ба ҷуз худи соҳибхона дигар кӣ метавонист вориди хона гардад.
«Чаро гуноҳи хешро ба зиммаи дигарон ҳавола мекунӣ?
Охир ба ҳайати гурўҳи фаврӣ-тафтишотӣ худат сарвар будӣку?» - аз нидои қалби хеш, ки бўйи эътирозро дошт, вуҷудаш ларзид. Бо азобе худро ба даст гирифт, то бубинад, ки Акбар Ҳакимович чӣ мегўяд.
Баробари коғазҳоро ба як гўшаи миз гузоштани Абдумаҷидов ў гулу рўшан кард:
– Хуш, чӣ хел?
– Бад не.
– Шуморо нафаҳмидам, рафиқ майор.
– Гуфтам – ку, бад не?
– Магар дар ин ҷо некие ҳаст?
– Албатта. Он чӣ ки баҳри мо ташвишу тараддуди зиёдатӣ ба бор овард, баҳри шахсе, ки ҷони хеш аз даст додааст, ақаллан номи нек меорад.
– Магар аз ин ба ў манфиате ҳаст?
– Аз зиндагон дида мурдагон ба номи нек эҳтиёҷи бештаре доранд.
– Тайи ин ҳафта банда он қадар дар атрофи номи Раънои Носир гаштугузор намуд, ки…
– Ҳарчанд ў фаришта набудагист, вале ба гумон аст, ки касе баъди маргаш ўро бад гуфта бошад.
– Гуфтаанд ва боз чӣ хел.
– Шумо бовар кардед?

пешина
аз 513
навбатӣ