Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Агар чунин аст, беҳтар мешуд, ки ба алоқа мебаромадем.
– Алоқа гурехта намеравад, бубин “Мерсӣ” нияти ба паҳлуи рости роҳ баромадан дорад.
– То хонаи дар кўчаи Фирдавсӣ буда, боз як квартал роҳ аст, пас чӣ лозим дар шом пиёда рафтан.
– Зиндагӣ худ Лайлиҷонро ба эҳтиёткорӣ маҷбур намудааст.
– Магар ҳамин ҳам зиндагӣ шуд. Дар ватани хеш чун дузд…
– Смотря для кого…
Музаффари Сафар боз чизе гуфтан мехост, вале «Мерседес 600» дар паҳлуи рости роҳ истод ва ронандааш аз он берун шуд. Музаффари Сафар ба мухобира баромада, дуюмро аз омадани меҳмон ҳушдор сохт…


– Шояд фардо равем?
– Кори имрўзаро ба фардо гузоштан хуб нест.
– Кори шаб хандаи рўз гуфтаанд.
– Метарсам, ки фардо дер нашавад.
– Чаро дер мешудааст?
– Гумон дорӣ ки шефро розӣ кунондан осон буд.
– Не, албатта. Ба ҳар ҳол ман аз худат як зиёфат қарздор.
“Аз зиёфат қарздор” - гуфтана мемурӣ, ки маро ба оғўш гирӣ, аз дил гузаронд Лайлӣ ва гуфт: - Дар тарабхона?
– Дар тарабхона ҳам мумкин.
– Чаро мешавад нею мумкин мегўӣ?
– Рафту ягон кас моро дар тарабхона бинаду гапро ба гўши шеф барад, - чӣ?
– Инаш ҳам дуруст. Беҳтараш, ана дар ҳамин ҷо фардо шаб як зиёфат ташкил намо.
– Худи фардо?
– Ҳа, фардо.
– Ба шеф чӣ гуфта меойӣ?
– Ягон илоҷашро меёбам. Акнун рафтем.
– Сари субҳ мерафтем, беҳтар буд. Исто, ки чаро шумо бо пероҳани сиёҳ омадед?
– Намедонам, ин пероҳанро ҳамин рўз шеф овард.
– Чӣ магар ӯ ақлашро хурдааст?

пешина
аз 513
навбатӣ