Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Намемонем. Дар ин ҷо ба ҷуз шаъни милисаро пос доштан, мо боз бояд шаъни нақлиёти ватаниро низ ҳимоя намоем.
“Жигули” акнун моли ватани мо нест, - эътироз кард Абдурашиди Шариф.
– Замоне мо аз як ватани бузург будем ва ин айби мо нест, ки бархе аз худобехабарон теша бар решаи хеш заданд.

  • Об агар сад пора гардад боз бо ҳам ошност. Ҳамин хел шуморо фаҳмем?
    – Дуруст.
    – “Мерсӣ” ба тарафи рост тоб хўрд, - ронандаро огоҳ кард таҷрибаомўз.
    – Дида истодаам, - гўён дар сари гардиш ронанда суръатро каме суст кард.
    Чун мошини «ВАЗ 2109» «Мерседес 600» - ро дар масофаи муайян мавриди назорати хеш қарор дод, ронанда гуфт:
    – Ба фикрам, Лайлиҷон ба амалиёти охирин баромад.
    –Чӣ хел ба амалиёти охирин?
    – Кулли мардуми мо нисбати сиёҳпӯшон ҳамдарданд, бехабар аз он ки бархе аз онҳо либоси мотамро ба дигар мақсад мепўшанд.
    – Чӣ хел ба дигар мақсад?
    – Ҳоло ман чизе гуфта наметавонам, вале фардо субҳ худат аз рафтори Лайлӣ Анваровна ангушти ҳайрат хоҳӣ газид.
    – Мошин ба тарафи чап мегардад.
    – Боке нест, ин дафъа мо ҳарду дар як қаторем, - гўён ронанда чароғаки огоҳкунандаи тарафи чапро ба кор даровард.
    – Аҷиб, дар ин шом ў ба куҷо мерафта бошад?
    – Аввал ба кўчаи Фирдавсӣ, сипас ба Гулобод, - хулоса кард Музаффари Сафар.
    – Шояд онҳоро огоҳ намоем?
    – Лозим нест. Ҳама шахсони дар дидбонгоҳ буда бояд ҳушёриро аз даст надиҳанд.
    – То Гулобод ҳам Лайлиҷонро гусел мекунем?
    – Намедонам, вале бе рухсати Марказ мо худсарона ин корро карда наметавонем.
пешина
аз 513
навбатӣ