Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Агар ў худаш ихтиёран бо мо ҳамкорӣ кардан хоҳад, чӣ хуб, вагарна мо ўро маҷбур ҳам карда наметавонем.
– Ба фикри шумо мо бояд боз кадом нӯги гиреҳро ҷўё шавем?
– Ман дирўз дар ин бора бо подполковник Ковалчук суҳбат доштам ва агар бахтамон омад кунад, имрўз то пагоҳ натиҷаашро хоҳем гирифт. Ба замми ин, мо бояд шахсияти ҳамаи он ҳамяроқони Самандари Раҳимро, ки ҳангоми бонги хатар ба ёрии ў шитофта буданд, муайян намоем. Ба фикри ман, аз ҳама беш мо бояд дар атрофи прапоршик Ятими Тош кор барем.
– Худи Самандари Раҳим ба ғайри ў аз дигар ҳамяроқонаш гумонбар аст - ку. Пас мо чӣ тавр метавонем, ки аз Ятими Тош гумонбар шавем?
– Хатои Самандари Раҳим дар ҳамин аст. Аз эҳтимол дур нест, ки прапоршик ба ҷойи воқеа бо таппонча нарафта бошад. Дар марз сари ҳар қадам бонги хатар мешавад ва туфангча бошад, ҳамеша дар бари командир аст. Ба фикри ман, худи Ятими Тош ҳамон шахсест, ки яроқро аз дасти аскари қаторӣ Самандари Раҳим гирифтааст. Чун Самандар дар китфи ў ҳамагӣ як яроқ дидааст, ба бегуноҳиаш бовар кардааст. Яроқи Хуршед Мировро бошад, кадоме аз аскарон гирифтааст ва барои ҳамин он яроқ гум нашудааст.
– Дар китоби гирифтани яроқҳо, албатта, яроқе ба номи Ятими Тош будагист, вагарна баъди пурсиши аскарон ўро ба ҷавобгарӣ мекашиданд.
– Дуруст. Маҳз ҳамин ҳолат ба ў имконият додааст, ки яроқи аскарро аз худ кунад. Охир ба ҷойи ҳодиса гурўҳи дар хизмати шабонарўзӣ буда рафтааст. Яроқи ҳар кас бошад, дар он ҳолат дар пирамида гузошта шудааст. Чун бонги хатар шуд, ҳар кас яроқи худро гирифта, ба маҳали бонги хатар мешитобад. Дар чунин ҳолат кӣ метавонист гўяд, ки командир бе яроқ рафт…
– Ҳеҷ боварам намеояд, ки кор чунин шакл гирифта бошад.
– Ман ҳам кафолати садфоизаи чунин корро дода наметавонад, вале месазад, ки мо дар атрофи прапоршик Ятими Тош кор барем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо